13:17 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
615 0 0

Ҳавопаймои Boeing 737 аз Дубай самти Ҳиндустон парвоз мекард ва гуфта мешавад дар дохили он аз 170 то 194 сарнишин қарор дошт

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Дар шаҳри Коҷикоде иёлати Керале дар Ҳиндустон ҳавопаймои ширкати Air India Express аснои дар фурудгоҳ нишастан ба ду қисм тақсим шуд.

Дар ин бора собиқ вазири фарҳанг ва сайёҳати ин кишвар Алфонс Каннантанам дар сафҳаи худ дар Твиттер хабар дод.

Ба изҳори собиқ вазир қисмати аввали ҳавопаймо ҷудо шуд ва ҳамаи сарнишинонро фавран аз дохили ҳавопаймо кӯч доданд. Аммо халабону чанд сарнишини дигар бар асари ин ҳодиса ҷон бохтанд, - изҳор дошт собиқ вазир.

Каннантанам аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ҳавопаймо оташ нагирифт ва аз ин рӯ теъдоди қурбониёни ин ҳодисаи нохуш ҳам ба маротиб кам шудааст.

Зимнан, бар хабари расонаҳои ин кишвар, бар асари суқути ҳавопаймо дасти кам 20 нафар ҷон бохтанд ва 140 сарнишини дигар сахт ҷароҳатдор шуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ