Даргузашти бародари Доналд Трамп

© AP / Evan VucciПрезидент Дональд Трамп и новый советник по национальной безопасности Роберт О'Брайен
Президент Дональд Трамп и новый советник по национальной безопасности Роберт О'Брайен - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бародари хурдии Доналд Трамп - Роберт Трамп дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт. Маълум шуда, ки моҳҳои охир ӯ аз беморӣ азият мекашид

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Бародари президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Роберт Трамп аз олам чашм пӯшид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Қасри Сафед.

Бародари Доналд Трамп бевақтии шаби 15 август дар синни 72-солагӣ даргузашт.

"Бо қалби сӯхта хабар медиҳам, ки бародари хубам Роберт аз олам даргузашт. Ӯ натанҳо бародар, балки дӯсти беҳтаринам буд. Ӯро сахт пазмон хоҳем шуд, вале мо боз дидор хоҳем кард. Ёди ӯ ҳамеша дар дили ман зинда хоҳад буд. Роберт ман туро дӯст медорам", - гуфт президенти ИМА.

Трамп қайд кард, ки Роберт на танҳо бародар, балки дӯсти беҳтаринаш буд.

Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Тирпарронӣ ҳангоми суханронии Трамп дар Кохи сафед: ӯ фавран биноро тарк кард - видео

Сабаби даргузашти бародари Трамп гуфта намешавад, вале маълум шудааст, ки чанд моҳи охир ӯ аз беморӣ азият кашидааст.

Пештар шабакаи NBC дар бораи бистарӣ шудани Роберт Трамп дар яке аз бемористонҳои шаҳри Ню-Йорк хабар дод.

Трамп рӯзи 14 август ба дидорбинии бародараш омада буд. Ҷузъиёти дидор ва дар бораи вазъи саломатии Роберт чизе гуфта нашуд.

Роберт Трамп соли 1948 дар хонаводаи Фред Трамп ва Мэри Энн Маклауд ба дунё омадааст. Ӯ Донишгоҳи Бостонро хатм кардааст.

Солҳои  1980-ум Роберт ҳамроҳ бо Доналд Трамп ба соҳибкорӣ машғул шуд. Аввал раҳбари казино дар Атлантик-Сити ва баъдтар идораи Trump Organization - ро бар ӯҳда дошт.

Иштирокчии фаъоли созмони хайриявӣ дар Ист-Сайд буд.

Аз соли 1984 то 2007 бо Блейн Трамп хонадор буд. Моҳи марти соли 2020 бо Энн Мари Паллан оиладор шуд.

Лентаи хабарҳо
0