02:40 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Давоми шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон 212 630 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардида, 4 533 нафар вафот кардаанд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Бино ба иттилоиСозмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) шабонарӯзи гузашта шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 212 ҳазор ва теъдоди ҳолатҳои фавт беш аз 4,5 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Тавре СУТ гузориш медиҳад, ба ҳолати 17 август дар ҷаҳон 825 601 нафар гирифторони COVID-19 ва 773 065 фавт ба қайд гирифта шуданд. Давоми шабонарӯзи гузашта 212 630 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардида, 4 533 нафар вафот кардаанд.

Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 11 420 860 (+149 645 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 3 843  нафар зиёд шуда, ба 414 326 нафар расидааст.

Дар Аврупо 3 745 649 сироятёфта ва 214 092 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 19 888 ва фавт — 410 ҳолат афзудааст.

Коршиносони рус барои мубориза бо коронавирус ба Ӯзбекистон мераванд

Дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шумораи мубталоён 3 040 168 ва қурбониён 59 875 мебошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 69 064 нафар зиёд шуда, 1 031 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 5 566 632. Баъдан Бразилия (3 340 197), Ҳиндустон (2 647 316), Россия (922 853), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (587 345), Перу (535 946), Мексика (522 162), Колумбия (468 332), Чили (385 946) ва Испания (358 843) ҷойгиранд.

 

 

 

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ