Туркия беш аз як миллион шаҳрвандони Сурияро аз дастрасӣ ба об маҳрум кард

© AP / Gabriel ChaimЖенщина несет своего ребенка
Женщина несет своего ребенка  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амалкарди Туркия бобати маҳрум намудани беш аз 1 миллион сокинони шаҳри Хасака дар Сурия ҷомеаи ҷаҳониро ба даҳшат овард

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Беш аз як миллион сокинони шаҳри Хасакаи Сурия ба муддати беш аз 10 рӯз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ надоранд, хабар медиҳад Ал - Олам.

Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Хайр барои таъмини Кӯлоб бо оби ошомиданӣ

Ба иттилои манбаъ, чанд рӯз пеш гурӯҳҳои мусаллаҳи Туркия истгоҳи обкаширо, ки манбаи ягонаи оби ошомиданӣ дар шаҳри Ҳасака ва минтақаҳои атрофи вилояти Идлиби Сурия буд, бастатанд.

Башшор Ал- Ҷаъфарӣ намояндаи доими Сурия дар Созмони Милал, мудохилаи ин созмонро барои поён додан ба ранҷи аҳолии ин шаҳр ва таваққуфи иқдоми Туркия дар қатъи оби ошомидании мардумро хостор шудааст. 
Корбарони Твиттер ҳам ин ҳодисаро "куштори ҷамъии" ҳама мавҷудоти зинда дониста ва наҷоти беш аз як миллион шаҳрванди суриягии сокини ин шаҳрро хостор шудаанд. 

Янки, гоу ҳоум: дар Сурия боз чӣ мегузарад?

Корбарон бо шиорҳои "Хасакаро наҷот диҳед", "Хасака об надорад" ва "Хасака ташна аст" аз СММ дархости мудохила кардан ба мушкили шаҳрвандони Сурияро намуданд. 

Бархе корбарон ҳам мӯътақиданд, ки дарди аҳолии Хасака бадтар ва хатарноктар аз вируси корона аст ва касоне, ки обро ба рӯйи як миллион инсон қатъ мекунад, ҳадафшон фақат куштор аст ва ин ҷиноят, ҷинояти террористӣ ва ғайриинсонӣ аст. 

Давлати Сурия дар чанд рӯзи ахир дар ҳадди имкон чандин танкери оби ошомиданӣ барои аҳолии Хасака ирсол кардааст.

Лентаи хабарҳо
0