20:36 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
784 0 0

Посухи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ин маврид мусбӣ аст, яъне одамон метавонанд ба коронавирус дубора мубтало шаванд

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар посух ба суоли он ки оё метавон дубора ба коронавирус мубтало шуд, посухи мусбӣ додааст, вале гуфтааст, ки дар хулоса баровардан одамон саросема нашаванд.

Тавре "Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  (СУТ) гуфтааст, эҳтимоли аз коронавирус  дубора сироят ёфтанро истисно намекунад".

"Аммо даъват мекунад, ки дар ин маврид саросемавор  набояд хулоса баровард", - таъкид кардааст созмон.

Коршиноси СУТ Мария ван Керкхове рӯзи душанбе, 24 август, зимни тавзеҳи хабари вобаста ба  ошкоршавии ҳодисаи сироятёбии дубора дар Ҳонконг изҳори назар намудааст.

Ӯ таъкид доштааст, ки ин гуна ҳолатҳо хело кам ба қайд гирифта шудаанд.

"Бояд қайд кунам, ки ҳолати дубора сироят ёфтан, кам андар кам ба қайд гирифта шудааст. Ин як ҳолат ба 23 миллион нафар мебошад. Мо метавонем ин ҳолатро бори дигар шоҳид шавем, лекин хело кам", - мегӯяд вай.

Омори ҷаҳонии коронавирус: дар як шабонарӯз 4,5 ҳазор қурбони COVID-19 шуданд

Ёдрас мешавем, олимони Донишгоҳи Ҳонконг хабар доданд, ки бори нахуст сирояти дубораи корониавирусро ба қайд гирифтанд. Пештар мақомоти Чин низ аз чанд ҳолати сироятёбии дубора хабар доданд, аммо ин изҳорот расман тасдиқ нашудааст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ