04:48 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
462 0 0

Ҳунарпешаи амрикоӣ Чедвик Боузман, ки дар филми "Черная пантера" ва дигар силсилафилмҳои Marvel нақшҳоии асосиро бозидааст, даргузашт

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Ҳунрпешаи амрикоӣ Чедвик Боузман дар синни 43-сола аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар саҳифаи расмии ҳунарманд дар Twitter хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки Чедвик Боузман чор сол боз бо бемории саратони рӯдаи ғавс мубориза мебурд.

Суқути ситораи санъати тоҷик: даргузашти Баҳром Ғафурӣ - видео

Ҳунаранд дар ҳалқаи хонавода дар Лос-Анжелес вафот кард.

​Чедвик Боузман пас аз нақшофарӣ дар силсилафилмҳои ширкати Marvel машҳур шуд. Яке аз нақшҳои муҳимтаринашро ҳунарманд дар филми "Черная пантера"  бозидааст.

Даргузашти ҳунарманди машҳури Ӯзбекистон Абдураим Абдуваҳҳобов

Дар баробари ин Боузман дар филмҳое чун "42", "Боги Египта", - (Худоҳои Миср) "Маршалл", "Пятеро одной крови" (Панҷ нафар аз як хун) нақш офаридааст.

Барчаспҳо:
филм, қаҳрамон, даргузашт, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ