Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Эрон аз коҳиш ёфтани мавориди фавт аз коронавирус хабар дод

© AP / Vahid SalemiИранские женщины сидят на автобусной остановке
Иранские женщины сидят на автобусной остановке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон мегӯяд, тавозуни фавт нисбати шифоёбии маризони коронавирус ба маротиб афзун гардидааст

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Эрон аз коҳиш ёфтани шумораи мавориди фавт аз коронавирус хабар медиҳад.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев  - Sputnik Тоҷикистон
Мирзиёев гуфт, мансабдоронро барои омори бардурӯғи коронавирус ба ҷавобгарӣ мекашад

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта, 1754 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 718 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамоте ироа шуд.

Сухангӯи вазорати мазкур хабар дод, ки дар Эрон теъдоди маризони коронавирус ба 373 500 нафар расидааст.

Бештар шуд: Вазорати тандурустӣ омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро гуфт

Ҳамчунин шумораи умумии қурбониён низ ба 21462 нафар баробар шудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 321 ҳазору 421 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 25 миллиону 190 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 847 ҳазору 200 нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 17 миллиону 542 ҳазор нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0