12:53 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
196 0 0

Мушовири калони раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар масоили иҷтимоӣ Муҳаммад Ҳасан Ҳотак дирӯз дар наздикии манзили истиқоматиаш кушта шудааст

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Мушовири калони раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар масоили иҷтимоӣ Муҳаммад Ҳасан Ҳотак дар Кобул кушта шуд, хабар медиҳад телевизиони 1TV News  дар истинод ба манбааш дар полис.

Бино бар иттилои расонаҳо, мушовири Ғанӣ дирӯз, шоми якшанбе дар наздики манзилаш кушта шудааст.

Роҳбари Афғонистон кушторро маҳкум намуда, онро теракт номидааст.

Феълан ягон гурӯҳ ё ташкилоти дар Афғонистон амалкунанда масъулияти куштори Ҳотакро ба дӯш нагирифтааст.

 

Пештар бархе чеҳраҳои матраҳи сиёсӣ дар Афғонистон дар номае ба раисҷумҳури ин кишвар аз таҳдид шудан ба марг аз ҷониби як гурӯҳи дохили ҳукумат хабар додаанд.

Шуморе аз шахсиятҳои афғонистонӣ, аз ҷумла Раҳматуллоҳ Набил, раиси собиқи амнияти миллӣ, Умар Зохилвол, сарпарасти собиқи вазорати дороӣ, Ҳикмат Халил Карзай, муовини сиёсии собиқи вазорати умури хориҷа ва Абдулкарим Хуррам, раиси дафтари собиқи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар номае ба Ашраф Ғанӣ фош кардаанд, ки аз ҷониби гурӯҳҳое дар дохили давлат таҳдид ба марг шудаанд, 

Имзокунандагони ин нома гуфтаанд, номаҳои таҳдидомезе аз Толибон дарёфт кардаанд, ки ҷаълӣ аст ва дар воқеъ аз сӯйи гурӯҳҳое дар дохили давлати Афғонистон ирсол шудааст.

Инфиҷори мушак назди бинои раисҷумҳур дар Афғонистон: 10 нафар захм бардоштанд

Ин шахсиятҳои сиёсии афғонистонӣ муддаиянд, гурӯҳи таҳдидкунанда аз чанд мақоми баландрутбаи давлатӣ ташкил шудааст ва раёсати онро муовини раёсати ҷумҳурӣ ва муовини амнияти миллии Афғонистон ба ӯҳда доранд ва дар ин замони ҳассос, ки музокироти байналафғонӣ дар пеш аст, мехоҳанд мунтақидони ҳукумат ва мухолифони сиёсиро террор кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ