19:47 30 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
801 0 0

Роҳбари Чин эълом кардааст, ки кишвараш ба ваксинаи зидди вируси корона даст пайдо кунад онро ҳатман дар ихтиёри ҷаҳон қарор хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Си Ҷинпин, роҳбари Чин дар нишасти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ,  ки тариқи видеоконфронс сурат гирифт, таъкид кард, ки Чин ду миллиард доллар ба манзури муқобила бо бемории КОВИД-19 ба кишварҳои даргир ба ин беморӣ кумак кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Вай қайд кард, ки Пекин дар қиболи шуйюи вируси корона шаффоф амал кардааст.

Пештар мақомоти Амрико, Чинро ба амалкарди ғайришаффоф дар хусуси шуйюи вируси корона муттаҳам карда буданд.

Ҳамчунин Амрико Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро ҳамдасти Чин тавсиф ва эълом кардааст, ки бахши густурдае аз кумакҳои худ ба ин созмонро қатъ мекунад.

Ба гуфтаи коршиносон, ин иқдомоти давлати Амрико муҷиб хоҳад шуд қудрати Чин дар арсаҳои байналмиллалӣ ва раҳбарии муқобила бо вируси корона бештар шавад.

Барчаспҳо:
ҷаҳон, вируси корона, вирус, роҳбар, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ