07:27 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
161201

Сар аз 4 - уми октябр Арабистони Саудӣ ба маросими Ҳаҷҷи умра иҷозат медиҳад. Аммо маросими мазкур бо вуҷуди пандемияи коронавирус як қатор маҳдудиятҳоро дорад

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Арабистон ба адои маросими Ҳаҷҷи умра иҷозат дод, аммо иҷрои ин маросим якчанд марҳиларо дарбар мегирад, иттилоъ медиҳад хабаргузории расмии ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ, дар марҳилаи нахуст ба шаҳрвандону афроди муқим дар дохили Арабистон иҷозат дода мешавад, то аз 4 - уми октябр маросими Ҳаҷҷи умраро ба ҷо оранд.

Аммо рӯзона набояд аз 6 ҳазор нафар барои адои маносиқи умра ташриф оранд.

Дар марҳилаи дуввум, аз 18 - уми октябр ба шаҳрвандону афроди дохили Арабистон, ки шомили рӯзона 15 ҳазор умрагузор ва 40 ҳазор намозгузор мешавад, иҷозаи адои умра дода мешавад.

Ҳаҷ - 2020 лағв мешавад? Дар Арабистони Саудӣ теъдоди маризони COVID -19 рӯ ба афзоиш аст

Зимнан, дар марҳилаи сеюм, сар аз авоили моҳи ноябр то замони эъломи расмии поёни маризии коронавирус ба шаҳрвандон ва афроди муқим дар дохили Арабистон ё хориҷи ин кишвар иҷоза дода мешавад ба теъдоди рӯзона 20 ҳазор умрагузору 60 ҳазор намозгузор ба зиёрати хонаи Худо биёянд.

Манбаъ меафзояд, сафари умрагузорон аз беруни Арабистон ҳам ба шакли тадриҷӣ ва аз кишварҳое хоҳад буд, ки вазорати беҳдошти Арабистони Саудӣ таъйид мекунад.

 

Барчаспҳо:
Арабистони Саудӣ, ҳаҷҷи умра

Мавзӯъҳои асосӣ