16:44 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
193 0 0

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон хостааст, ки фавран ба ҷанг бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ поён диҳанд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки фавран ба ҷанг бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ поён диҳанд.

Қаробоғи Кӯҳӣ: Оё Озарбойҷону Арманистон метавонанд оташбас эълон кунанду пешти мизи сулҳ нишинанд?
Sputnik/RUPTLY/ TV/Государственные учреждения Азербайджана и Армении

Дар изҳороте аз 29-уми сентябр кишварҳои узви Шӯрои амният аз даъвати дабири кул, Антонио Гуттереш пуштибонӣ кардаанд ва аз ҷонибҳо хостаанд, ба даргириҳо дар ин минтақа хотима бахшанд ва ба музокирот оғоз намоянд.

Дар ҳаимин ҳол, Шӯрои амният аз гузоришҳо дар бораи иқдомоти густардаи низомӣ дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ ибрози нигаронӣ карда, истифода аз қудратро ба шиддат маҳкум кард.

Ингуна даргириҳои шадид дар Қаробоғи Кӯҳӣ аз соли 1994 мушоҳида нашуда буд – он замон даргириҳо хомӯш шуда буд, аммо баҳс идома дошт. Дар ин рӯзҳо ҳарду тараф ҳар соат хабар медиҳанд, ки дар ин даргириҳои се чаҳор рӯзи ахир садҳо нафар куштаву захмӣ гардидааст.

Қонунанд Қаробоғи Кӯҳӣ қаламрави Озарбойҷон ба ҳисоб меравад, вале дар соли 1991 баъд аз баргузории овоздиҳии умумии ҷумҳурӣ истиқлолияти худро эълон кард.

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳон истиқлолияти ҷумҳурии  Қаробоғи Кӯҳиро касе ба расмият нашинохтааст. Таърихан дар Қаробоғи Кӯҳӣ арманиҳо зиндагӣ мекунанд.

Барчаспҳо:
Озарбойҷон, Арманистон, минтақа, поён, ҷанг, Қарабоғи Кӯҳӣ, даргириҳо, Созмони Милали Муттаҳид, СММ

Мавзӯъҳои асосӣ