06:57 06 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
356 0 0

Пизишки президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, Доналд ва Мелания Трамп худро хуб эҳсос мекунад

ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп ва ҳамсараш Мелания саломатӣ орзу кард, хабар медиҳад котиботи кишвардори Русия.

Дар номааш раисиҷумҳур ба президенти ИМА ва ҳамсараш саломатӣ орзу карда, онҳоро дар ин рӯзҳои душвор дастгирӣ намуд.

"Бовар дорам, ки қобилияти ҷисмонии шумо, рӯҳияи хуб ва некбиниятон ба шумо дар мубориза бо вируси хатарнок кумак хоҳад кард", - қайд кардааст Путин.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз президенти ИМА аз мубталошавии худ ва ҳамсараш ба коронавируси навъи COVID - 19 хабар дод. Ба гуфти пизишк, вазъи саломатии кишвардор ва ҳамсараш хуб ҳаст ва онҳо нақша доранд дар Қасри Сафед бимонанд ва вазифаҳояшонро аз хона анҷом диҳанд.

Пештар хабар дода шуд, ки ёвари Доналд Трамп - Хоуп Хинкс гирифтори коронавиурс шудааст.

Пизишки рус иштибоҳи нафароне, ки мубталои коронавирус ҳастанд, ифшо кард

ИМА то ҳол дар сархати бештарин гирифторони COVID - 19 қарор дорад. Дар ин кишвар 7 277 759 кас мубталои ин вабои аср шудааст.

Дар умум то имрӯз дар ҷаҳон 34 миллион кас гирифтори коронавирус шуда, беш аз 1 миллион қурбони ин беморӣ шудаанд.

Барчаспҳо:
саломатӣ, Доналд Трамп, Владимир Путин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ