10:46 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
321 0 0

Арманистон пас аз ҳимояти Кобул аз Озарбойҷон дар муноқишаи Қарабоғи Кӯҳи, лағви узвияти он кишварро дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ хостор шуд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Арарат Мирзоян, раиси Шӯрои миллӣ ва муовини нахуствазири Арманистон пас аз ҳимояти Кобул аз ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар муноқишаи Қара‌боғ, ба таври расмӣ аз дабирхонаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ хост лағви узвияти нозири Афғонистон дар ин созмонро баррасӣ ва иҷроӣ кунад, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

 Пеш аз ин вазорати хориҷаи Афғонистон дар баёнияе минтақаи Қарабоғро дар сатҳи байналмиллалӣ ба унвони бахше аз Озарбойҷон ба расмият шинохта ва поёни ишғоли Арманистон бар ин минтақаро хостор шуда буд.

 Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар соли 1992 бо ҳадафи ҳифзи амнияти кишварҳои узв миёни Русия , Тоҷикистон, Арманистон , Беларус , Қазоқистон ва Қирғизистон ташкил шуд ва Афғонистону Сербия низ аз соли 2013 ба унвони аъзои нозир ба узвияти ин созмон даромаданд.

 Муноқишаи миёни Озарбойҷону Арманистон ки бар сари минтақаи Қарабоғ Кӯҳӣ дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1991 ба даргирии низомӣ табдил шуд, бори дигар рӯзи 28 сентябр бо оташ гушӯдани нерӯҳои ду тараф оғоз шуда аст, ки то кунун шуморе аз нерӯҳои тарафҳо дар ин даргириҳо кушта ё захмӣ шудаанд.

Барчаспҳо:
нозир, паймон, лағв, Афғонистон, Қарабоғи Кӯҳӣ, Арманистон

Мавзӯъҳои асосӣ