07:34 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (803)
255810

Бар тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, шумораи умумии гирифторони маризии коронавирус дар ҷаҳон ба 34,7 миллион нафар баробар шуд. Беш аз 1 миллион бемор ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Ашёи хатарноктарини паҳнкунандаи вируси COVID - 19 ин ниқоби тиббӣ аст, ҳарчанд одамон онро барои ҳифозат кардани худ аз ин беморӣ мепӯшанд, мегӯяд пизишки касалиҳои дарунӣ Лариса Алексеева.

Афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар Қирғизистон

Лариса бар ин бовар аст, ки аксари одамон тарзи дуруст истифода кардан аз ниқоби тиббиро намедонад, ки дар натиҷа манбаи асосии паҳнкунандаи вирус мегарданд.

"Мо одамони зиёдеро дорем, ки ман онҳоро ниқобпӯшони бесамар ном ниҳодаам. Онҳо як ниқобро 10-15 рӯз ё ҳатто дарозтар истифода мебаранд. Ҳамон як ниқобро ҳамарӯза бо тамоми кафи дасташон мегиранд ва дуқад карда ба ҷайб мегузоранд", - бо таассуф изҳор доштааст Лариса Алексеева.

Ба гуфтаи ӯ, ин одамон бо дастҳои тамизнакардаи худ, чашмону рӯяшонро мерасанд ва сипас дар мавриди зарурӣ ниқобашонро боз мепӯшонанд. 

"Дар шароити хона бошад, вирусҳои ниқоби дар дохили ҷайб буда, имкони бештар афзоиш карданро пайдо мекунанд", - шарҳ медиҳад пизишки касалиҳои дарунӣ.

Дар кӯчаҳои Душанбе ба сокинон ниқоби тиббӣ ройгон тақсим мекунанд - навор

Лариса мегӯяд, ин рафтори одамон боиси паҳншавии вируси COVID - 19 мегардад. Ба тавсияи табиб, ниқоби тиббиро на беш аз 2 соат бояд истифода буд ва пас аз бадар кардани он, ҳатман дастҳоро бо маҳлулҳои антисептикӣ тоза кард.

Лариса таъкид намудааст, ки одамон бояд аз либосу пойафзоли худ фаромӯш накунанд, зеро вирус метавонад тавассути либос ё пойпӯш вориди хона шавад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (803)

Мавзӯъҳои асосӣ