10:28 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
874 0 0

Роҳбари Чин ахиран дар вокуниш ба иқдоми Кохи Сафед барои фурӯши таслеҳот ба Тайван ба нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш дастур дод то ҳамаи тавони фикрӣ ва бадании худро барои ширкат дар як ҷанги эҳтимолӣ ба кор гиранд

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Си Ҷинпин, роҳбари Чин имрӯз  ҳангоми дидор бо туфангдорони дарёии Артиши Халқии Озодии Чин дар вилояти ҷанубии Гуандун ба сарбозон муроҷиат карда, онҳоро даъват кард, ки ба принсипҳои низомӣ ва ростқавлӣ дар иҷрои вазифаҳояшон барои ин набарди эҳтимоӣ комилан садоқатманд бошанд, иттилоъ додааст Садои Хуросон дар истинода ба ИРНА.

Си Ҷинпин аз нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш  хост барои ҷанг омода бошанду тамоми энержӣ ва фикри худро бар омодагии размӣ мутамаркиз кунанд.

Танишҳо байни Пекин ва Вашингтон бар сари дахолати Амрико дар умури Тайван ва низ ҳамагирии ҷаҳонии бемории корона ташдид шудааст .

Ёдрас мешавем, ки Жао Лиҷиян, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин ахиран дар нишасти матбуотие таъкид кардааст, ки дар ҷаҳон кам кишваре ҳаст, ки мехоҳанд бо Амрико ҳамкорӣ кунад.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин дар посух ба суоле дар бораи суханони Майк Пампео, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, ки гуфта буд: “кишварҳои ҷаҳон бо Амрико ҳамроҳ шудаанд”, таъкид кард: “Он чӣ Пампео гуфт, хилофи воқеиятҳои мавҷуд аст ва ҳамон тавр, ки рӯзномаи “Вашингтон пост” чанде қабл навишт, тамоюли Пампео ба тағйири сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида ба далели ҷоҳталабиҳои сиёсии худи ӯ аст”.

“На танҳо дар Иёлоти Муттаҳида, балки дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла байни шарикон ва муттаҳидони Амрико ин бовар вуҷуд дорад, ки имрӯз ин кишвар ба ҳеч ваҷҳ як абарқудрат ба назар намерасад”, - афзуд вай.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин ҳамчунин қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида бо шиори “Аввал Амрико” ба якҷонибагароӣ ва зӯргӯӣ рӯй оварда, ба хориҷ шудан аз гурӯҳҳои чандҷонибаву тавофуқномаҳо хӯй гирифтаву тамоюли бештаре ба таҳрим кардан дорад.

“Ин кишвар ба як музоҳим табдил шуда, ки назми байналмилалиро заиф ва қавонини байналмилалиро таҳдид мекунад”, - зикр кард ӯ.

Барчаспҳо:
фармон, артиш, омодагӣ, ҷанг, Амрико, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ