14:49 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
263 0 0

Арманистон аз инҳидоми 4 тонки Озарбойҷон пас аз эъломи оташбаси дубора миёни ду кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Ба гузориши хабаргузории Форс, Шушан Степанян, сухангӯи вазорати дифои Арманистон рӯзи якшанбе эълом кард, ягонҳои низомии артиши ҳукумати худхондаи минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ чаҳор тонки Озарбойҷонро, ки аз самти ҷануб ҳамла мекарданд, мунҳадим кардааст.

Ӯ афзуд, дар ҷабҳаи ҷанубии минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ, Арманистон теъдоди зиёде паҳпод ва тӯпхона ба кор гирифтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки аз рӯзи якшанбе тавофуқи оташбаси ҷадид миёни Арманистону Озарбойҷон ҷорӣ шуд, аммо монанди тавофуқи оташбаси аввал, мақомҳои Боку ва Ереван аз ҳамон сооти ибтидоӣ якдигарро ба нақзи тавофуқ муттаҳам карданд.

Вазорати дифои Озарбойҷон дар соатҳои аввал имрӯз бо судӯри баёнияе, нерӯҳои мусаллаҳи Арманистонро ба ҳамалоти хумпораӣ ба мавозеи Озарбойҷон дар имтидоди хати тамоси минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ муттаҳам кард.

Пеш аз он низ Арманистон бомдоди имрӯз  Озарбойҷонро ба нақзи тавофуқи оташ‌бас, ки аз сооте қабл иҷроӣ шуда буд, муттаҳам карда буд.

Даври ҷадиде аз танишҳо миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар таърихи 27 сентябр (6 меҳрмоҳ) дар хусӯси минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ оғоз шуд ва ду тараф якдигарро ба ҳамла ба қаламравҳояшон муттаҳам мекунанд.

Барчаспҳо:
оташбас, ҷанг дар Қарабоғ, Қарабоғи Кӯҳӣ, Озарбойҷон, Арманистон

Мавзӯъҳои асосӣ