04:41 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
265 0 0

Сафорати Русия дар Вашингтон иттиҳомоти ИМА зидди шаш шаҳрванди Русияро дар хакерӣ ва ноором кардани вазъ, рад мекунад

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Сафорати Русия дар Вашингтон иттиҳомоти ИМА алайҳи шаҳрвандони Русияро дар хакерӣ ва ноором кардани вазъ дар саросари ҷаҳон рад мекунад.

Дар ин бора намояндаи Сафорат дар суҳбат бо РИА Новости гуфтааст.

Пештар Вазорати адлия ва ФБР алайҳи шаш шаҳрванди Русия барои даст доштан дар силсила амалиёти хакерӣ ва паҳн намудани барномаҳои зараровар бо мақсади ҳуҷум ба инфрасохтори дигар каишварҳо, иттиҳомот бастанд.

Аз ҷумла, шаҳрвандони Русия дар паҳн кардани вируси NotPetya дар соли 2017 муттаҳам мешаванд.

Гуфта мешавад, ки онҳо - кормандони ГРУ (Хадамоти ҷосусӣ) мебошанд, ки ба Олимпиада дар Куреи Ҷанубӣ низ ҳамлаҳои киберӣ анҷом додаанд.

Тақрибан дар ҳамин замон ҳукумати Бритониё низ изҳор дошт, ки Хадамоти ҷосусии Русия ҳамчунин нақшаи ҳамлаи киберӣ ба ташкилкунандагони Бозиҳои олимпӣ дар Токиоро (то ба таъхир андохтанашлн), доштанд.

"Комилан аён аст, ки ин гуна хабарҳо бо воқеият рост намеояд ва танҳо ба барангехтани эҳсосоти русофобӣ дар ҷомеаи Амрико, роҳандозии "шикор" ва ҷосусӣ равона шудаанд. Ҳамаи ин чанд сол боз хусусияти фарқкунандаи ҳаёти сиёсии Вашингтон мебошад. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида муносиботи прагматикии Русияву Амрикоро пайваста хароб мекунанд ва ба таври сунъӣ ба аҳолии худ тасаввуроти заҳролуд дар бораи Русия ва ҳама чизи ба он алоқамандро, таҳмил мекунанд", - изҳор дошт намояндаи сафорат.

Мусоҳиби Ожонсӣ қайд карда, ки Русия фикри "амалиёти бесуботкунӣ" - и дунёро дар сар надошт ва надорад.

"Ин ҷавобгӯи сиёсати хориҷӣ, манфиати миллӣ ва фаҳмиши мо дар муносиботи давлатҳо нест. Русия ба соҳибихтиёрии дигар кишварҳо эҳтиром мегузорад ва ба корҳои онҳо дахолат намекунад", - афзуд ӯ.

Манбаъе аз ВКД ба РИА Новости гуфт, ки иттҳомоти ИМа ва Бритониё дар даст доштани хакерҳои Русия ба ҳамалот аз ҷумла дар Олимпиадаи Токио бепоя аст ва ба аудиторияи дохилиашон нигаронида шудааст.

Барчаспҳо:
иттиҳом, ИМА, Русия, сафорат

Мавзӯъҳои асосӣ