05:30 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
158 0 0

Сухангӯи аршади ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кардааст, ки дар даргириҳои миёни Арманистону Озарбойҷон дар сари Қаробоғ манзилҳои наздимарзии Эрон низ хароб гаштааст

ДУШАНБЕ, 24 октябр - Sputnik. Сухангӯи аршади Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Абулфазли Шикорчӣ ба Арманистон ва Озарбойҷон ҳушдор дод, гузориш медиҳанд расонаҳои эронӣ.

Ӯ таъкид кардааси, ки Теҳрон ҳеч гӯна хатову таҳдид дар марзҳои муштараки Эрон бо Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷонро таҳаммул намекунад ва бо ҳар навъ  таҳдид бархурд хоҳад кард.

"Даргириҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон дар хусуси минтақаи Қарабоғ ва риоят накардани қавоиди байналмилалии ҳусни ҳамҷаворӣ ва масолеҳи ҷангӣ дар марзи кишвари севум, мунҷар ба шиллик ва исобати гулӯлаҳои хумпора ба дохили манотиқи сарзаминии Ҷумҳурии исломии Эрон шудааст", - изҳор доштааст Шикорчӣ.

Сухангӯи аршади Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кард: Риояти ҳусни ҳамсоягӣ ва сабурии Эрони исломӣ бо кишварҳои ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон набояд мавриди сӯиистифода қарор гирад ва ду кишвар набояд ба хутути қирмизи Эрон вуруд кунанд, дар ғайри ин сурат қатъан пушаймонӣ ба дунбол хоҳад дошт. 

Сардори сартип Абулфазли Шикорчӣ афзуд: Амнияти манотиқи марзӣ ва мардуми Эрон, хати қирмизи мост ва дар ин робита ба ҳар ду кишвари даргир ёдовар мешавем, ки муроқиби оташафрӯзӣ ва шайтанатҳои бегонагон бошанд.

"Мушкилоти дуҷонибаро аз тариқи мусолиматомез ва гуфтугӯ ҳаллу фасл кунанд ва бо бедиққатӣ дар амалиёти низомии худ, марзҳои сарзаминӣ ва амнияту осоиши мардуми Эронро ба мухотира наандозанд" - афзудааст вай.

"Инҷо мардумро мекушанд": Русияро дар Қаробоғ кӣ интизор аст?

Аз оғози даргириҳо дар минтақаи Қарабоғ то кунун даҳҳо гулӯла хумпора ва ракета ба рустоҳои марзии Эрон исобат ва хисороте ба марзнишинҳои эронӣ ворид кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ