09:32 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
107110

Дар ҳошияи муташанниҷ шудани муносибатҳои Фаронса ва Туркия маҷаллаи Charlie Hebdo карикатураеро нашр карда, раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғонро масхара кардааст

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон маҷаллаи адабиву бадеии " Charlie Hebdo"-и фаронсавиро барои карикатураи худ ба додгоҳ кашидааст.

Даъворо ба додситонии Анқара зидди роҳбарияти маҷалла аз номи роҳбари Туркия ҳомии ҳуқуқи вай Ҳусейн Айдин додааст.

Дар аризаи вай гуфта мешавад, ки мавод ба усулҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ ва ба мафҳуми "озодии баён" рост намеояд. Афзун бар ин, карикатура иззат ва шарафи роҳбари Туркияро паст мезанад.

Расми таҳқиромези Эрдуғон дар саҳифаи Твиттери Charlie Hebdo дар ҳошияи бад шудани муносибатҳои Туркия ва Фаронса нашр гардидааст.

Дар он роҳбари Туркия нимбараҳна дар мизе нишастааст ва дар як дасташ нӯшокӣ ва бо дасти дигараш пешхизмати ҳиҷобпӯшро луч мекунад.

"Эрдуғон дар зиндагии хусусӣ бисёр бозингар аст" , - гуфта мешавад дар шарҳи карикатура.

Маҷалла расмро дар пайи муташанниҷ шудани муносибатҳои Туркияву Фаронса нашр кард. 

Таконе ба он изҳороти президенти Фаронса Эмманюэл Макрон пас аз куштори як муаллим дар наздики шаҳри Париж пас аз нишон додани карикатураи пайғамбар Муҳаммад гардид. Ин карикатура низ ба маҷаллаи Charlie Hebdo тааллуқ доштааст.

Қодиров дар бораи карикатураи паёмбар, гунаҳкорони қатли омӯзгор ва оқибати амали Макрон

Дар баромади худ роҳбари Фаронса ҳодисаро "теракти исломӣ" номида, ба мубориза бо исломи сиёсӣ дар мактабҳо, муассисаҳои давлатӣ ва масҷидҳо даъват мекунад. Ӯ ҳамчунини пешниҳод кардааст, ки дар кишвар ташкилоте ташкил карда шавад, ки "тавонад исломро бидуни таъсири беруна бисозад".

Дар посух ба Макрон Эрдуғон аз Макрон даъват кардааст, ки ҳолати равониашро бисанҷад. Пас аз ин қазия ҳамон маҷалла Эрдуғонро низ ба масхара кашидааст.

Мавзӯъҳои асосӣ