15:11 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
117 0 0

Вазорати беҳдошти Эрон эълон кард, ки дар маҷмӯъ шумораи мубталоёни коронавирус дар кишвар ба 663 ҳазору 800 нафар расидааст, ки хело нигаронкунанда аст

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Дар Эрон дар як шабонарӯз 424 тан ҷон бохтанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй".

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз ҳашт ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона ва фавти 424 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, ҳашт ҳазору 864 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод се ҳазору 234 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 663 ҳазору 800 нафар расидааст, афзуд: “Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 424 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 37 ҳазору 409 нафар расидааст.

Теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар Эрон аз 32 ҳазор нафар гузашт

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 509 ҳазору 952 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 49 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам як миллиону 240 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 35 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Амрико бо ҳудуди 10 миллион мубтало ба вируси корона ва дастикам 241 ҳазор қурбонӣ, бештарин теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагонро ба худ ихтисос додааст.

Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ