22:51 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
77 0 0

Ҳаштуми ноябр - Рӯзи байналмилалии Маҳфили зарифон буда, дар Чин – Рӯзи журналистика ва дар Қазоқистон – Рӯзи омор мебошад

Рӯзи 8 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1893 дар Иёлоти Колорадои ИМА ба занҳо ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан дода шуд.

День 7 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1917  дар Канада агентии иттилоотии "Канадиан пресс" таъсис дода шуд.

Соли 1943 Ордени Шараф- ордени ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт.

Соли 1948  Ҳизби коммунистии Албания ба Ҳизби меҳнати Албания тағйири ном кард.

Соли 1956 Ассамблеяи генералии СММ аз Иттиҳоди Шӯравӣ талаб кард, ки неруҳояшро аз Венгрия барорад.

Рӯзи 8 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 масоили ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардиданд.

Соли 2012 дар Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2013" муҳокима шуд.

Соли 2015 варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар Қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон медали тилло ба даст овард.

Даминов Шахриер
© Sputnik / Амир Исаев
Даминов Шахриер

Соли 2016 масоили вақт ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Ҷумҳурии Арабии Миср дар самтҳои гуногун баррасӣ гардиданд.

Соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими рӯнамоии китоби шашҷилда ва луғати тафсирии истилоҳоти "Шашмақом" доир шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 ноябр

  • Рӯзи байналмилалии Маҳфили зарифон.
  • Дар Чин – Рӯзи журналистика.
  • Дар Қазоқистон – Рӯзи омор.

Рӯзи 8 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1883 - олим, муҳаққиқи Омиёи Марказӣ Александр Евгеневич  Ферсман.

Соли 1930 – олими адабиётшинос Аслиддин Қамаров.

Соли 1940 – корманди шоистаи саноат Тоҳир Бобоев.

Соли 1949 – собиқ вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллаев.

Соли 1961 – размикор Абдусамад Шамсуллоев.

Шералӣ Хайруллоев "дарозумртарин вазир" - и Ҳукумати Тоҷикистон ва собиқ мушовири раисиҷумҳур имрӯз 71 сола мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷуҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон

Зиндагиномаи Шералӣ Хайруллоев

Шералӣ Хайруллоев 8 ноябри соли 1949 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик.

Соли 1970 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоддон хатм намудааст.

Аз соли 1970 то 1977 дар вазифаҳои ёвари сардори шӯъбаи молияи шаҳраки Паймаи поёни Красноярск, сардори шӯъбаи молияи шаҳри Қизили РАСС Тува, сардори хадамоти хӯроквории Красноярск, муовини командири шаҳри Қизили РАСС Тува фаъолият намудааст.

Солҳои 1977-1988 дар вазифаҳои муовини сардори профилакторияи муолиҷавию меҳнатии Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон, сардори муассисаи ислоҳотию меҳнатии №3/5-и Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон, сардори муассисаи №3/7-и Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳотию меҳнатии ВКД РСС Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1988—1995 муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

"Дарозумртарин вазир" - и Ҳукумати Тоҷикистон
Солҳои 1995—2013 вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рӯзи 20-уми ноябри соли 2013  Эмомалӣ Раҳмон фармоне содир кард, ки тибқи он Шералӣ Хайруллоев пас аз 18 соли вазирӣ, аз симмати вазири дифоъи Тоҷикистон барканор шуд. Шералӣ Хайруллоев аз "дарозумртарин вазир" дар Ҳукумати Тоҷикистон шинохта шудааст.

25 январи 2014 Шералӣ Хайруллоев бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ таъин шуд.

Солли 2019 бо фармони Президенти Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи ёвари Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои амнияти миллӣ озод шуд.

Унвону мукофоти Шералӣ Хайруллоев

Шералӣ Хайруллоев рутбаи ҳарбии генерал-полковник дошта, бо ордени Ситораи Президент дараҷаи II, ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II, унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон" ва медали ҷашнии "20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.

Шералӣ Хайруллоев оиладор падари се фарзанд мебошад.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 2 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 ноябри дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ