20:20 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
94 0 0

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 9 ҳазор бемори ҷадиди мубталои корона ва фавти 459 нафар дар 24-соати гузашта хабар дод.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Симо Содоти Лорӣ сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 9 ҳазору 236 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 712 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба и сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 682 ҳазору 486 нафар расидааст, афзуд: "Муттаассифона дар 24 соати гузашта, 459 нафар аз беморони Ковид- 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 38 ҳазору 291 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯии вазорати беҳдошти Эрон, токунун 520 ҳазору 329 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Гирифторони коронавирус дар Эрон аз 600 ҳазор нафар гузашт

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 50 миллиону 360 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдоди дасти ками як миллиону 250 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 35 миллиону 403 ҳазор нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 Амрико бо беш аз 10 миллиону 185 ҳазор мубтало ба вируси корона ва дасти ками 243 ҳазор қурбонӣ, бештарин теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагонро ба худ ихтисос додааст.

Мавзӯъҳои асосӣ