04:31 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1189 0 0

Дар торномаи UFC рӯйхати нави 20 размикори беҳтарин, новобаста аз вазн, пайдо шуд. Вале дар давоми як соат ин раддабандӣ боз аз торнома пок карда шуд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор дар раддабандии UFC ҷои Ҳабиб Нурмуҳаммадовро гирифт.

Дар торномаи UFC рӯйхати нави 20 муборизи беҳтарин, пайдо шуд. Вале, дар давоми як соат боз аз торнома пок карда шуд.

Шарҳи Кремл дар бораи мулоқоти Путин бо Нурмуҳаммадов

Ғайриинтизор дар мақоми аввал Макгрегор ҷой гирифт ки пештар танҳо дар сатри 11-ум буд. Дар баробари ин Ҳабиб дар ҷойи дуюм қарор гирифт.

Ба ҳамин сурат, руйхати нави UFC камтар аз як соат истоду пасон ба раддабандии рӯзи 27 октябр иваз карда шуд, ки дар он Нурмуҳаммадов чун пештар дар мақоми аввал ҷой гирифт.

Президенти UFC: 100% гуфта наметавонам, аммо ҳис мекунам, ки Ҳабиб бармегардад

Раҳбарияти ширкат даст доштани хакерҳоро дар ин кор аз эҳтимол дур намедонад.

Ёдрас мешавем, ки шаби 25 октябр Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар даври дуюми сабқат бо Ҷастин Гейҷӣ бо истифодаи усули буғикунанда пирӯз шуд.

Баъди пирӯзӣ Ҳабиб эълон кард, ки дигар ба майдони набард нахоҳад омад ва ин охирин рақобаташ буд, зеро ба модараш ваъда додааст, ки дигар ҷанг нахоҳад кард. Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Барчаспҳо:
раддабандӣ, Макгрегор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Мавзӯъҳои асосӣ