18:59 25 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.41
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1201 0 0

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое пойдо шуданд, ки дар он сокинони минтақҳои Қарабоғи Кӯҳӣ, хонаҳои худро оташ мезананд. Хонаҳои онҳо дар минтақаҳое ҷойгир аст, ки тибқи тавофуқномаи нав бояд ба давлати Озарбойҷон баргардонида шавад

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Сокинони бархе аз минтақаҳои Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ, шурӯъ карданд ба оташзании хонаҳои худ. Хонаҳои онҳо дар заминҳое сохта шудаанд, ки тибқи тавофуқномаи нав бояд ба давлати Озарбойҷон баргардонида шавад.

Гап сари хонаҳои арманиҳо дар минтақаи Лочин, Калбаҷар ва Агдам меравад. Сокинон хонаҳо, мағозаҳо ва дигар иншоотро оташ мезананд.

​Корбарони интернет садҳо навору аксҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд. Дар зери навор таъкид шудааст, ки арманиҳо ин корро ба хотири он мекунанд, ки ин биноҳо насиби озарбойҷониҳо нагардад.

Ёдрас мешавем, ки Оташбаси ҷадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ 10 ноябр ҷорӣ шуд ва аввалин нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия алакай вориди Қарабоғи Кӯҳӣ шуданд.  

Бар асоси ин тавофуқи ҷадид Арманистон мутаъаҳҳид шудааст 15 ноябр шаҳристони Калабҷар, 20 ноябр шаҳристони Оқдом ва  аввали декабр шаҳристони Лочинро ба Озарбойҷон пас диҳад.

Дар хати муқаддами ҷабҳа дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ ва дар имтидоди ҷодаи Лочин дар Қарабоғ ҳазору 960 низомӣ, 90 мошини зиреҳпӯш ва 380 худрави низомӣ аз нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия ба муддати 5 сол мустақар мешавад.

Ҳамчунин асирони ҷангӣ ва дигар боздоштшудагон ва аҷсоди афроди кушташуда мубодила хоҳанд шуд.

Даргириҳо байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди якшанбе 27 сентябр аз сар гирифта ва боиси кушта шудани шуморе аз тарафайн шуд.

Муноқиша миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1992 ба даргирии низомӣ кашид, ки дар натиҷаи ин муноқиша минтақаи Қарабоғи Кӯҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳафт шаҳристони ҳамҷавори он таҳти ишғоли неруҳои Арманистон даромад.

Барчаспҳо:
Қарабоғи Кӯҳӣ, хона, оташ, Озарбойҷон, Арманистон

Мавзӯъҳои асосӣ