13:31 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
55700

Коргардони филми "Один дома 2" Крис Коламбус гуфт, чӣ гуна собиқ президенти ИМА Доналд Трамп дар филмаш нақш офарид

ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Маълум шуд собиқ президенти ИМА Доналд Трамп чӣ гуна дар филми "Один дома 2" (Танҳо дар хона 2) нақш офарид.

Ба гуфти коргардон, гурӯҳи корӣ барои ба навор гирифтани филм меҳмонхонаи "Плаза" - ро интихоб карданд, ки он замон моликаш Трамп буд, менависад РИА Новости.

Вале вақте ба Доналд Трамп маблағи кирои меҳмонхонаро пешниҳод карданд, ӯ шарти ғайриоддие гузошт.

"Ягона роҳе барои ба наворбардории филм дар меҳмонхонаи ман ин аст - агар ман дар филм нақш офарам", - гуфт Коламбус дар суҳбат бо Insider.

Ба гуфти коргардон, ӯ саҳна бо ширкати Трампро ба хотири он дар филми дуюм ба навор гирифт, ки он писанди тамошобинон шуда буд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш шабакаи телевизионии CBC-и Канада саҳнаи ҳунарнамоии президенти феълии Амрико Доналд Трампро аз филми "Танҳо дар хона - 2 ("Один дома 2: Затерянный в Нью-Йорке" қайчӣ кард.

"Ин гуна корҳо дар ҳолати филмҳои дароз бисёр дучор меояд, ки филм барои намоиш дар шабака мутобиқ гардонида мешавад. “Один дома 2” низ барои замонбандӣ таҳрир гардид. Саҳнаи Доналд Трамп яке аз саҳнаҳое гашт, ки аз филм бурида шуд… Ин таҳрирҳо соли 2014-ум сурат гирифта буд. Он замон мо тоза ҳаққи намоиши филмро дарёфт карда будем ва ин пеш аз президент интихоб шудани ҷаноби Трамп буд", – гуфта шудааст дар изҳорот.

Худи Трамп дар вокуниш ба ин хабар дар саҳифаи твиттераш ба шитобкорӣ роҳ надод.

"Филм дигар мисли пештара нахоҳад буд! (шӯхӣ мекунам)", — навишта буд ӯ.

Барчаспҳо:
нақша, ИМА, Доналд Трамп

Мавзӯъҳои асосӣ