Ҷашнҳои рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 16 ноября
День 16 ноября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи шонздаҳуми ноябр дар Тоҷикистон – Рӯзи Президент, дар Украина – Рӯзи кормандони радио, телевизион ва алоқа ва рӯзи байналмилалии пуртоқатӣ мебошад

Рӯзи 16 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1824  дарёи Муррей – дарозтарин дарё дар Австралия кашф шуд.

Соли 1906 дар Англия авввалин камера ихтироъ шуд.

© PixabayВидеокамера, архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Видеокамера, архивное фото

Соли 1933 миёни ИМА ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муносиботи дипломатӣ барқарор гардид.

Соли 1946 дар Порис Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо таъсис ёфт.

Рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон принимает присягу. Архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон принимает присягу. Архивное фото

Соли 2009 дар ҷараёни машварати корӣ Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки саҳмияҳои НБО "Роғун" ҳарчи зудтар омода карда шаванд, то аз рӯзҳои аввали соли 2010 онҳо баҳри ҷалби сармояи иловагӣ ба сохтмони ин иншооти тақдирсоз ба фурӯш бароварда шаванд.

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСтроительная площадка Рогунской ГЭС. Архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Строительная площадка Рогунской ГЭС. Архивное фото

Соли 2012 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Борбад”-и бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид.

День 15 ноября  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 15 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани роҳбари навинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳи хосса доир шуд.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Соли 2016 аввалин маротиба дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 16 ноябр

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи Президент.
  • Рӯзи байналмилалии пуртоқатӣ.
  • Дар Украина – Рӯзи кормандони радио, телевизион ва алоқа.

Рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1937 – доктори илмҳои таърихшиносӣ Юсуфшо Яъқубов.

Соли 1939-2018 – олим-таърихшинос, академик Раҳим Масов.

Раҳим Масов 16 ноябри соли 1939 дар деҳаи Мдехарви ноҳияи Ванҷи Вилояти мухтори Қӯҳистони Бадахшон дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Свечка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Академик Раҳим Масов даргузашт

Дар хонаи кӯдакони шаҳри Хоруғ ва баъдан дар мактаб-интернати Душанбе таълиму тарбия гирифта, соҳиби маълумоти миёна гардид.

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1961), ихтисос — "таърихи СССР"). Ӯро барои кор ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карданд. 

Донишманди номии тоҷик, таърихшинос, академик Раҳим Масов имрӯз, 21 июн дар синни 79-солагӣ аз сактаи мағзӣ дар шаҳри Душанбе вафот кард.

Соли 1947 – овозхон София Бадалбоева.

Рӯзи Президент

Чор сол боз, оғоз аз соли 2016, 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин рӯз бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад. 

Дар иртибот ба ин 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд.

© Sputnik / Владимир Родионов / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент России Дмитрий Медведев (справа налево) во время совместной церемонии ввода в эксплуатацию Сангтудинской ГЭС-1, архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 16 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент России Дмитрий Медведев (справа налево) во время совместной церемонии ввода в эксплуатацию Сангтудинской ГЭС-1, архивное фото

Бояд тазаккур дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар  иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Лентаи хабарҳо
0