12:57 28 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
360 0 0

Доналд Трамп ба зудӣ фармони хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ ва Афғонистонро содир мекунад

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ба нақл аз CNN, ду мақомдори расмии Амрико эълон карданд, ки ин ҳафта дастури расмии Доналд Трамп, раисҷумҳурии ин кишвар барои оғози хуруҷи бештари нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва Ироқ содир хоҳад шуд, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Бино бар иттилои манбаъ, ин мақомдорони амрикоӣ гуфтанд, ки Пентагон бо судури иттилоияе ба фармондеҳони низомӣ дастур дод теъдоди сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон ва Ироқро коҳиш диҳанд.

Ҳамакнун тақрибан 4500 нерӯи амрикоӣ дар Афғонистон ва се ҳазор нерӯ низ дар Ироқ ҳузур доранд ва бар асоси ин фармон, шумори нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ ва Афғонистон ҳар кадом ба 2500 нафар коҳиш хоҳад ёфт.

Иҷрокунандаи вазифаи вазири дифоъ Кристофер Миллер рӯзи ҷумъа дар як паёми мутаноққиз гуфт, ки Амрико бояд муборизаро алайҳи Ал-Қоида ва нерӯҳои террористӣ дар пайи ҳодисаи  11 сентябр идома диҳад, аммо гуфт, вақти он расидааст, ки сарбозонро ба ватан баргардонем.

Миллер дар паёми худ навишт: Ин ҷанг тамом нашудааст. Мо дар остонаи шикаст додани Ал-Қоида ва муттаҳидони он ҳастем, аммо бояд аз хатои стратегии гузаштаи худ ҷилавгирӣ кунем, ки натавонистем шоҳиди поёни ҷанг бошем. Бисёре аз сарбозон аз ҷанг хаста шудаанд, аммо ин марҳилаи муҳиме аст, ки дар он талоши худро дар Афғонистон аз раҳбарӣ ба нақши пуштибонӣ тағйир диҳем.

Барчаспҳо:
Трамп, Ироқ, хориҷ, неруҳо, Амрико, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ