09:28 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
329 0 0

Раисҷумҳурии Озарбойҷон таъкид доштааст, ки Арманистон бояд масъулияти харобиҳои ба бор омада дар зерсохтҳои манотиқи мавриди муноқишаи Қарабоғро бар ӯҳда бигирад

ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Илҳом Алиев афзуд: "Душман тамоми зерсохтори Қарабоғи Кӯҳиро хароб кард ва онҳо бояд барои ин тахрибкорӣ дар додгоҳи байналмилалӣ ҷавоб гӯянд".

Раисҷумҳурии Озарбойҷон таъкид дошт: "Бори дигар такрор мекунам, ки коршиносон ва мутахассисони байналмилалӣ бояд ин хисоротро арзёбӣ кунанд ва мо аз Арманистон барои 30 сол ҷуброн хоҳем гирифт".

Алиев идома дод, ки дар ин давра онҳо хонаҳо, ҷангалҳо ва шаҳри Калбаҷарро хароб карданд ва онҳо бояд барои ин ҳама ҷавоб гӯянд.

Ахиран Илҳом Алиев аз минтақаҳои Фузулӣ ва Ҷабраил боздид кард, ки ҳоло таҳти назорати артиши Озарбойҷон ҳастанд.

Ёдрас мешавем, ки санаи 10 ноябр Владимир Путин, Илҳом Алиев ва Никол Пашинян, раҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон барои ба итмом расонидани қатъи амалиёти ҷангӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ баёнияҳои муштарак имзо карданд.

Тибқи ин изҳорот, Боку ва Ереван бояд дар мавқеъҳои ишғолкардаи худ таваққуф кунанд, зиндониёнро иваз кунанд ва нерӯҳои посдори сулҳи Русияро дар хатти тамос ва долони Лочин, ки Қарабоғи Кӯҳиро бо Арманистон мепайвандад, мустақар кунанд.

Барчаспҳо:
ҷуброн, хисорот, муноқиша, Қарабоғи Кӯҳӣ, Арманистон, Озарбойҷон

Мавзӯъҳои асосӣ