13:47 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (869)
2880 0 0

Ба изҳори Болибок нафароне, ки боре мубталои маризии сироятии коронавирус гардидаанд, масунияти онҳо то дер боз боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 22 Ноябр - Sputnik. Сарфи назар аз он, ки сирояти такрорӣ аз эҳтимол дур аст, вале ҳолатҳои инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, изҳор доштааст Владимир Болибок, иммунолог-аллерголог дар мусоҳиба ба "Вечерняя Москва".

"Нафароне дубора мубталои коронавирус мешаванд, агар маризи бемориҳои вазнин, аз ҷумла саратон бошанд. Ин гуна беморӣ масунияти одамонро коҳиш медиҳад. Вале сафи чунин ҳолатҳо қатрае аз баҳр аст", - шарҳ додааст мутахассис.

Ба гуфтаи ӯ, аксари одамоне, ки аллакай маризии коронавирусро паси сар карданд, дорои масунияти тӯлонӣ мешаванд.

"Мӯҳлати ниҳоии мушоҳида аз моҳи декабри соли 2019 аст, вақте ки аввалин беморон дар Вуҳан пайдо шуданд. Онҳо то ҳол масуният доранд. То чанд муддати дигар масунияти онҳо нигоҳ дошта мешавад, посух гуфтан душвор аст", - гуфт Болибок.

Пизишк мегӯяд, нафароне, ки боре ба ин дард гирифтор шудаанд, набояд аз сирояти дубора ҳаросанд. Зеро масунияте, ки аз гирифторшавиӣ нахустин пайдо мешавад, намегузорад, ки беморӣ ба сурати вазнин ҷараён кунад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (869)
Барчаспҳо:
посух, пизишк, маризӣ

Мавзӯъҳои асосӣ