15:55 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (921)
50 0 0

Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба як миллиону 16 ҳазору 835 нафар расидааст, ки то кунун 708 ҳазору 106 нафар аз онон беҳбуд ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 347 нафар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори беморони Ковид - 19 дар Эрон гуфт.

"Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта 13 ҳазору 341 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 996 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон расонида шуд", - менависад "Парс тудэй".

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон афзуд: "Муттаассифона, дар 24 соати гузашта 347 бемори Ковид - 19 низ ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 49 ҳазору 695 нафар расид".

Лорӣ ҳамчунин гуфт: "Маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба як миллиону 16 ҳазору 835 нафар расидааст, ки то кунун 708 ҳазору 106 нафар аз онон беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд".

Вазорати тандурустӣ: 41 нафарро пас аз табобат аз коронавирус рухсат додем

Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 65 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод як миллиону 513 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 45 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (921)
Барчаспҳо:
таманнои шифои комил, беморӣ, вируси корона, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ