23:41 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.60
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
375811

Даҳҳо кишвар ба гуруснагӣ дучор хощад шуд. СММ иқрор шуд, ки соли оянда наметавонад, ба ҳамаи кишварҳои ниёзманд кумак кунад

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Соли 2021, ҷаҳон дар 75 соли охир ба бадтарин бӯҳрони башарӣ дучор мешавад, гуфт директори иҷроияи Барномаи Ҷаҳонии Озуқавории СММ Дэвид Биасли, менависад Deutsche Welle.

Ӯ дар ҷаласаи вижаи Ассамблеяи Генералии СММ бахшида ба мубориза бар зидди COVID - 19 суханронӣ кард.

"Соли 2021 дар асоси он чизе ки мо дар ин марҳила мебинем, фалокатовар хоҳад буд. Даҳҳо кишвар бо гуруснагӣ дучор мешавад. Соли оянда мо наметавонем ҳамаи онҳоро маблағгузорӣ кунем... барои ҳамин бояд афзалият дод. Кишварҳои сарватманд набояд давлатҳои камбизоатро барои ваксинаи COVID - 19 пахш кунанд", - гуфт Биасли.

Тибқи иттилои РИА Новости, ӯ қайд кардааст, ки бар асари низоъҳои мусаллаҳона дар чор соли охир шумораи одамоне, ки дар остонаи гуруснагӣ қарор доранд, аз 80 ба 135 миллион нафар расидааст ва бинобар ҳамагирӣ, ин рақам ба 270 миллион расидааст.

Иқтисоди пинҳонию боҷу аксизҳо: вазир гуфт, аз куҷо дар соли 2021 даромадро зиёд мекунанд?

Директори кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Тедрос Адханом Гребесесус даъват кард, ки барои тақсимоти одилонаи ваксинаҳо 4,3 миллиард доллари дигар ҷудо карда шавад.

"Сухан дар бораи бӯҳрони ҷаҳонӣ меравад ва роҳҳои ҳалли он бояд дар асоси одилона барои ҳама дастрас бошад", - гуфт роҳбари СҶБ.

Коршиносони СММ гуфтанд, дар маҷмӯъ 235 миллион нафар дар шароити пандемия ба кумаки фаврии башардӯстона ниёзманд хоҳад шуд.

Тибқи маълумоти СММ, шумораи ниёзмандон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 40 дарсад афзоиш ёфтааст. Барои дастгирӣ ба фондҳои кӯмаки СММ, ҷалби 35 миллиард доллари иловагӣ лозим аст, мегӯянд коршиносон.

Барчаспҳо:
СММ, пешгӯӣ, пешгӯӣ, сол, фалокат

Мавзӯъҳои асосӣ