Артиши Арманистон дар ҷанги Қарабоғ ҳудуди 5 миллиард доллар хисорот дидааст

Обуна шудан
Озарбойҷон эълом кардааст, ки дар ҷанги ахири Қорабоғ 4,8 миллиард доллар ба таҷҳизоти артиши Арманистон хисорат ворид шудааст

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Муассисаи таҳқиқоти иқтисодии Донишгоҳи иқтисоди Озарбойҷон (UNEC) ахиран дар як гузорише эълом кард Арманистон дар ҷанги ахир бар сари муноқишаи Қарабоғ, таслеҳоте ба арзиши 4,8 миллиард доллар аз даст додааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон дар истинод ба  хабаргузории Орон Нюз.

Ин дар ҳолест, ки Микоил Минасян сафири собиқи Арманистон дар Ватикан ва домоди раисҷумҳури  собиқи ин кишвар Серж Саркисян, низ эълом кард 4 ҳазору 750 сарбоз ва афсари низомӣ дар ин ҷанг кушта шуданд.

Президент Азербайджана Ильхам Алиев - Sputnik Тоҷикистон
Алиев гуфт, ки кӯшиши вайрон кардани созишномаи Қарабоғ вуҷуд дорад

Ба гуфтаи масъулони баландпояи артиши Арманистон, артиши кишвар дар рӯзи чоруми амалиёт суқут кард ва ба сарвазири Арманистон Никол Пашинян гузориш дода шуд.

Ёдрас мешавем, ки тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои оташбаси комил ва рафъи тамоми душманиҳо дар минтақаи Қарабоғ рӯзи 10 ноябр ба имзои Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев,  нахуст вазири Арманистон Никол Пошинян ва Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин расид. 

Бар асоси ин тавофуқ назорати манотиқӣ дар Қарабоғ, ки дар даргириҳои ахири байни низомиёни Арманистон ва Озарбойҷон ба дасти нерӯҳои озарӣ афтод ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор мешуд.

Ҳамин тариқ, якчанд шаҳрҳои Қарабоғи Кӯҳӣ, аз ҷумла Шуша, Ҷаброил ва Зангилон аз ишғоли Арманистон озод карда шуданд.

Даври ҷадиди даргириҳо байни Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди якшанбеи 27 сентябри 2020 аз сар гирифта шуд ва куштаву захмӣ шудани ҳазорон нафар аз тарафайнро дар пай дошт.

Лентаи хабарҳо
0