08:36 25 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1011 0 0

Дар давраи миёнамӯҳлат, гумон аст, ки кишварҳои аврупоӣ барқарорсозии динамикии иқтисодиро ба даст оранд, - мӯътақид аст доктори илмҳот иқтисод Диана Степанов

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Аллакай маълум аст, ки доллар нисбат ба асъорҳои асосии захиравӣ хеле коҳиш ёфтааст, аммо пешгӯиҳои то 20 фоиз коҳиш ёфтани он дар соли оянда аз эҳтимол дур аст, гуфт ба радиои Sputnik номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия ва нархҳои РЭУ ба номи Г.В. Плеханова, Диана Степанова.

Ба гуфтаи вай, имсол ва аввали соли оянда метавонад тағирёбии шадиди кӯтоҳмуддати қурби доллар ба амал ояд, аммо на ба он ҳадде, ки иддае аз коршиносон мегӯянд.

Ба гуфтаи ӯ, барои чунин коҳишёбӣ омили қавие нест, балки пешравие дар дурнамо эҳсос мешавад.

"Коҳиши дарозмуддати пули Амрико ғайриимкон аст, зеро пешгӯии дарозмуддати ба эътидол омадани нархи нафт ҳанӯз мушоҳида намешавад”,-мегӯяд, номбурда.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

Ӯ гуфт, тамоюлҳои густариши иқтисоди сабз низ хушбиниро ба болоравии нархи карбогидридҳо коҳиш медиҳанд. Вазъи геополитикӣ дар Иёлоти Муттаҳида пас аз моҳи январ мӯътадил мешавад ва хабар дар бораи паҳн шудани ваксинаи коронавирус ва дигаргуниҳои мусбати минбаъдаи иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон бармегардад., афзуд Степанова.

Барчаспҳо:
ИМА, нафт, коҳиш, доллар, иқтисод, коршиносон

Мавзӯъҳои асосӣ