14:31 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (921)
182 0 0

Бино ба пешгӯии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт авҷи коронавирус дар Урупо ба моҳҳои аввали соли 2021 рост меояд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Пас аз соли нав дар манотиқи гуногуни Урупо мавҷи дигари коронавирус дар назар аст, мегӯяд Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт.

Бино ба пешгӯиҳо, авҷи вируси корона дар Урупо ба моҳҳои аввали соли 2021 рост меояд. Чунин сенария дар ҳоле рух медиҳад, ки агар шаҳрвандон маҳдудиятҳои карантиниро дар остонаи соли нав риоя накунанд.

"Ба пешравиҳои хурд нигоҳ накарда, паҳншавии коронавирус дар Урупо ҳамоно суръатнок боқӣ меонад", - қайд карданд намояндагони СҶБ.

Дар ин росто созмон аз сокинон даъват кард, ки маҳдудиятҳои дар кишварҳо ҷоришударо риоя кунанд ва аз ҷумла пӯшидани ниқоб ва риояи фосилаи иҷтимоиро фаромӯш насозанд.

Дар баробари ин, СҶБ тавсия дода, ки баргузории ярмаркаҳо ва лижарониҳо дар минтақаҳои фароғатӣ ба дигар вақт гузаронида шавад ва ҷамъомадҳои мазҳабӣ дар ҳавои кушод гузаронида шавад.

СҶБ: агар имкони риояи фосилаи иҷтимоӣ мавҷуд набошад, пас ҳатман ниқоб пӯшед

"Пӯшидани ниқоб ва риояи фосилаи иҷтимоӣ дар доираи хонавода ва дӯстон каме нороҳат намояд ҳам, метавонад амният ва саломатии ҳар як шахсро ҳифз кунад", - афзуд манбаъ.

Тибқи маълумоти СҶБ, дар шаш ҳафтаи охир сатҳи марг аз коронавирус дар ҷаҳон 60% ва дар Урупо қариб 100% афзудааст. Ҳамзамон, ба гуфтаи ин созмон, коҳиши шумораи сироятёбӣ дар Урупо ба назар мерасад.

Гуд бай, Ковид-19? Дар Хуҷанд се рӯз боз гирифтори "вируси корона" бистарӣ нашудааст

Бино бар омори ин созмон, аз 7 то 13 декабр дар саросари ҷаҳон 4,3 миллион нафар гирифтори коронавирус шуданд, ки ин аз оғози ҳамагирӣ то кунун як нишондоди рекордӣ буд. Дар тӯли ҳафтаи гузашта 75 ҳазор бемор қурбони ин вабои аср шуд.

То имрӯз тақрибан 74 миллион нафар мубталои коронавирус мебошанд. 1,6 миллион нафар қурбони ин беморӣ шуданд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (921)
Барчаспҳо:
Урупо, вируси корона, мавҷ, ҳушдор, СҶБ

Мавзӯъҳои асосӣ