Расонаҳо рӯзи истеъфои Пашинянро муайян карданд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Армении Никол Пашинян
Премьер-министр Армении Никол Пашинян - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаҳои Арманистон санаи истеъфои нахуствазири кишавар Никол Пашинянро пешбинӣ кардаанд, аммо ин маълумот расман тасдиқ нашудааст

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Нахуствазири Арманистон, Никол Пашинян эҳтимол дорад, ки охирҳои декабр истеъфо диҳад, менависад рӯзномаи армании "Грапарак".

Бино бар пешбинии рӯзноманигорон, Пашинян аз симати нахуствазирӣ 31 декабр даст хоҳад кашид.

Выступление премьер-министра Никола Пашиняна в Национально собрании (25 июня 2020). Еревaн - Sputnik Тоҷикистон
Пашинян эълон кардааст, ки аз қудрат даст намекашад

"Пашинян дар рафти паёми шодбошии солинавӣ шаби 31 декабр истеъфо медиҳад ва дар бораи баргузории интихоботи парлумонии ғайринавбатӣ эълон мекунад", - таъкид мекунад "Грапарак" дар истинод ба манобеаш.

Феълан ин маълумот тасдиқ наёфтааст.

Афзун бар ин, расонаҳо дар бораи тезонидани раванди ислоҳоти Кодекси интихоботи Арманистон хабар додаанд.

Ёдрас мешавем, дар кишвар баъди имзои созишномаи байни Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи оташбас дар Қаробоғ норозигиҳо аз сиёсати Пашинян сар шуданд.

Бино бар шартҳои созишнома, Ереван бояд тамоми заминҳои забткардаашро баргардонад. Барои назорати иҷрои шартҳои созишнома сулҳбонони Русия вориди Қаробоғи Кӯҳӣ гардиданд.

Пашинян вазири умури хориҷии Арманистонро аз кор озод кард

Созишнома шаби 10 ноябр ҳукми қонунӣ гирифт. Пас аз он дар Озарбойҷон ба таҷлили пирӯзӣ сар карданд, дар Арманистон бошад ҳамоишҳои бузурги эътирозӣ сар шуданд.

Аллакай борҳо дар бораи рафтани Пашинян аз симати нахуствазирӣ гузориш дода шуда буд, аммо ҳар бор такзиб мешуд. Ба наздикӣ 13 декабр низ дар расонаҳо дар бораи истеъфои Никол Пашинян хабарҳо пайдо шуданд, аммо котиби ӯ Мане Геворкян ин маълумотро рад кард.

 

Лентаи хабарҳо
0