20:31 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
201 0 0

Созмони ғайридавлатии, ки аз ҷониби сохторҳои Ғарб маблағгузорӣ мешаванд, дар ҳудуди кишварҳои пасошӯравӣ ду роҳи таъсир ба ҳукумат, нерӯи нарм ва сахтро истифода мебаранд, - гуфт узви парлумони Молдова Богдан Тсирдя

ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik.Қариб дар ҳама ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди  Шӯравӣ таъсири созмонҳои ғайридавлатии Ғарбро метавон мушоҳида кард, бовари дорад  Богдан Тсирдя, узви парлумони Молдова аз Ҳизби сотсиалистон. Вай ба Sputnik гуфт, ки ин сохторҳо чигуна кор мекунанд ва дар натиҷа ба чӣ ноил мешаванд.

Бо далел баяод исбот шавад

Бунёди Сорос ва Бунёди Конрад Аденауэр як қатор созмонҳои ғайридавлатии Молдоваро маблағгузорӣ мекунанд, мегӯяд Тсирдя. Ин созмонҳои ғайридавлатӣ фаъолияти худро бо ҳамдигар ҳамоҳанг мекунанд ва ба манфиати маблағгузори худ, аз ҷумла ташкилотҳои сиёсӣ кор мекунанд. Сиёсатмадор дар китоби худ, ки "Ҷамъияти шаҳрвандии Молдова: Сарпарастон. Созмонҳои ғайридавлатикратия. Ҷангҳои фарҳангӣ" ном дорад беш аз 1,5 истиноду далелҳо овардааст.

"Пас аз интишор шудани ин китоб ба забони молдовӣ (бо забони русӣ қарор аст баҳори соли 2021 интишор шавад), зуд ба вокуниш рӯ ба рӯ шуд. Аввал фавран ба ин китоб Петер Михалко, раҳбари ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар Молдова вокуниш нишон дод ва сипас сафири Ҳолланд ва Бунёди Сорос ҳамроҳ шуданд", - мегӯяд ӯ.

Китоби Тсирди аз 759 саҳифа иборат мебошад. Ин китоб санаи 21 октябри соли равон нашр ёфт. Худи ҳамон рӯз Бунёди Сорос нашри ин китобро "ҳамлаи дағалона ба ҷомеаи шаҳрвандии Молдова" номид.

"Ҳамон тавре, ки мегуфтанд: "Ман онро нахондам, аммо онро маҳкум мекунам". Кори манро дар таҳдид бар пояҳои демократия, волоияти қонун ва дар маҷмӯъ арзишҳои аврупоӣ айбдор карданд. Аммо агар бунёд ҷонибдори озодии сухан бошад, пас чаро аввал китобро намехоҳад муҳокима кунад? Агар шумо фикр мекунед, ки дар ин ҷо дурӯғ ва тақаллубкорӣ ҳаст, марҳамат дар инҷо  1519 истинод ва 600 манбаъ оварда шудааст, ман омодаи баҳс ҳастам", - мегӯяд Тсирдя.

Дар ҳамин ҳол, мухолифон дар посух хомӯшӣ нишон доданд, таъкид мекунад вакил.

"Дар аввал созмонҳои ғайридавлатӣ мегуфтанд, ки мо бо рақамҳо бозӣ мекунем.  Баъд ман дар як нишасти матбуотӣ ба онҳо скриншотҳои ҳисоботи молиявии онҳоро нишон додам. Албатта, онҳо далеле барои рад кардани ин маълумотҳо надоштанд, сухнаҳои  номуайян, ки китоби ман ба касе таҳдид мекунад" - афзуд муаллиф.

Фазои фаъолият

Дар фазои пасошӯравӣ як ақида фаъолона таблиғ мешавад: ташкилотҳои ғайридавлатӣ ин як нишонаи баробарӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Аммо ин чунин нест, мегӯяд Тсирдя. Созмонҳое, ки берун маблағгузорӣ мешаванд, кам ба масоили воқеии маҳаллӣ алоқамандӣ доранд - танҳо аҳамият рӯзномаи маблағгузор аҳамият медиҳанд.

"Биёед ба Молдова нигоҳ андозем. Дар ин ҷо ташкилотҳои ғайридавлатӣ кадом мушкилотро дар миён мегузоранд? Феминизми радикалӣ, адолати судӣ барои ноболиғон, демократикунонӣ - ҳамон тавре ки онҳо мефаҳманд. Ин чӣ рабте дорад ба мушкилоти мо? Мушкилоти мо ин фақр аст (мо қашоқтарин кишвари аврупоӣ ҳастем), ки дар сатҳи коррупсия ва бекорӣ мо бо Украина рақобат мекунем. Сеяки шаҳрвандони мо дар хориҷ аз кишвар кор мекунанд", - менависад муаллиф.

Фаъолияти фондҳои Ғарб дар сухан ҳадафҳои нек доранд - мубориза бо коррупсия ва истиқрори демократия, қайд намудааст сиёсатмадор. Аммо, дар асл, ҳама чиз танҳо бо мушоҳидаҳо ва тартиб додани рӯйхатҳои мухталиф маҳдуд мебошад – барои мисол раддабандии озодии сухан ё индекси демократия.

"Онҳо дар асл вазъро ба ҳеҷ ваҷҳ тағир дода наметавонанд, - мегӯяд Тсирдя". - Ба буҷаи созмонҳои ғайридавлатии Молдова таваҷҷуҳ кунед - ин миллионҳо доллар аст. Буҷаи маориф, ки яке аз самтҳои муҳимтарини рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад ба маротиб кам аст. Ё сохторҳои аврупоӣ дӯст медоранд бигӯед, ки онҳо ба Молдова пул медиҳанд. Аммо дар воқеъ ин пулҳо дар куҷостанд? Аз 100 миллион евро, ки барои ислоҳот ба бахши адлия ҷудо карда шуда буд, танҳо 10 миллионаш бевосита барои хариди таҷҳизот барои судҳо масраф карда шуд. Қисми асосиро созомонҳое, ки гӯё дар бахши адлия ислоҳот ворид мекунанд, дар кофе-брейкҳо масраф мекунад. Пас маълум мешавад,  Бунёд пулро ба худаш медиҳад".

Дар ҳама кишварҳо, ки аз ҷониби Бунёди Сорос маблағгузорӣ мешавад, рафтор якранга аст ва ҳамагӣ ду роҳро истифода мебаранд, идома медиҳад Тсирдя.

"Барои мисол: Бунёди Сорос дар як лаҳза дар тамоми ҷой пайдо шуд ва дар аввал нашри  китобҳоро маблағгузорӣ мекард. Онҳо дар бораи чӣ менавиштанд? Онҳо менавиштанд, ки ҳар кишвар чигуна ақибмонда шудаан ва чигуна метавон ба ин кишварҳо кумак кард. Сипас лоиҳаҳои грантиро роҳандозӣ карданд. Барои чӣ? Барои ҷалби зеҳнҳои ҷавон. Онҳо гӯё барои семинару тадқиқотҳо ҷалб мешуданд ва нафарон намефаҳмиданд, ки  маълумоти иктишофиро дар бораи давлатҳои худ пешниҳод менамоянд. Аз паси ин касепайгирӣ намекард, чунки дар солҳои 1990 дар ҳама ҷо беназмӣ буд", - афзуд сиёсатмадор.

Усули аввал ин нирӯи нарм аст, таъкид мекунад Тсирдя. "Аввал дар кишвар Бунёд таъсис меёбад, ҳамин Бунёд ташкилоти ғайридавлатӣ ташкил мекунад, сипас ҳамин ташкило ба маблағгузории дигар сохторҳо оғоз мекунад ва ҳамин тавр шабакае месозад, ки на ба манфиати кишвар, балки ба манфиати маблағгузор кор мекунад. Мувофиқи принсипи шабака, сипас бунёд нафарони худро дар сохторҳои давлатӣ пешбарӣ мекунад".

Коршинос Тсирдя Арманистонро мисол меорад, ки дар он ҷо нафароне аз сохторҳои Сорос дар замони Никол Пашинян ба мансабҳои баланд расиданд.

Сиёсатмадор аз Молдова нооромиҳои Беларусро намунаи таъсири шадиди фондҳои мухталиф медонад.

“Ғарб ошкоро мухолифони Беларусро дастгирӣ мекунад (11 декабр Комиссияи Аврупо эълон кард, ки барои дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ 24 миллион евро ҷудо хоҳад кард. Ман фикр мекунам, ки касе дар Беларус фаъолияти фондҳои маҳаллиро амиқ таҳлил накардааст. Инқилоб якбора сар намезанад. Барои инқилоб бояд шароит фароҳам шавад ", - қайд мекунад Богдан Тсирдя.

Барчаспҳо:
вакил, Молдова, нерӯ, пасошӯравӣ, парлумон, Ғарб, Бунёди Сорос, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ