05:00 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
419 0 0

Намуди нави коронавирус барои низоми тандурустии тамоми ҷаҳон таҳдиди навбатӣ дар соли 2021 мегардад

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус ҳушдор додааст, ки аҳли башар то ҳол мушкилии вобаста ба инфексияи коронавирусро ҳал накардаанд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ ӯ изҳор доштааст, ки пандемияи дар соли 2020 паҳнгардида ахирон нахоҳад буд.

Вай афзудааст, ки феълан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки низоми ҳифзи саломатиро  таҳким бахшад ва ба ҳолатҳои фавқуллода омода гардида, мутатсияи коронавирус, аз ҷумла вируси наверо, ки дар Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ пайдо шуд, таҳқиқ кунад ва маълумоти бадастовардаро паҳн намоянд.

Гебрейесус гуфтааст, ки феълан СУТ бо олимони тамоми ҷаҳон ҳамкории хуберо ба роҳ мондааст, то бифаҳмад, ки вирус чигуна тағйир ёфтааст ва ин тағйирот ба паҳншавии он ва таъсири он ба мардум чӣ таъсир дорад.

Афзун бар ин ӯ ёдрас шудааст, ки як сол боз СУТ дар бораи гирифторшавии одамон ба илтиҳоби шуш дар пайи коронавирус медонад, аммо беморӣ то ҳол ба ҷаҳон таъсиреро мерасонад, ки "аз ҳудуди танҳо маризӣ баромадаву барои иқтисоди ҷаҳон асари калон расонидааст".

Ёдрас мешавем, ки намуди нави коронавирус дар Британияи Кабир сентябри соли 2020 ошкор шуд. Сипас коронавируси мутатсияшударо дар Нидерландия, Австрия, Дания, Италия ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ пайдо карданд.

Олим гуфт, коронавируси бритониёӣ чӣ хатар дорад

Дар бораи он ки вирус дар Британия чигуна пайдо шуд ва оё аз берун ворид гардид, то ҳол маълумоте нест.

Дар ҳамин ҳол, СУТ саросемавор изҳор доштааст, ки ин намуди вирус хатарзо нест, аммо метавонад сироятноктар аз пештараш бошад.

Мавзӯъҳои асосӣ