03:23 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (925)
206 0 0

Борис Ҷонсон нахуствазири Бритониё дар сартосари кишвар қарантини шадид эъон кард ва изҳор дошт, ки он то моҳи феврал идома меёбад

ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Дар Бритониё дигарбора карантини саросарӣ эълон шуд. Сарвазир Борис Ҷонсон соати 8 шаб ба вақти Лондон дар як суханронии телевизионӣ эълон кард, ки ба манзури муқобила бо гунаи нави коронавирус, ки ба гуфтаи вай ба суръати густарда паҳн мешавад, кулли Англия аз нимишаби рӯзи душанбе вориди карантини миллӣ хоҳад шуд.  

Ҳамзамон бо ин мақомоти беҳдоштии Британия аз шиносоии 58 ҳазору 784 нафар мубтало ба КОВИД-19 дар як шабонарӯз дар ин кишвар хабар доданд.

Ба сокинон дастур дода шуд, ки дар хонаҳои худ бимонанд ва ин карантини нав, ки аслан шакли шадидтари локдауни пешина мебошад, қарор аст то охири моҳи январ идома кунад. Танҳо барои харидани ғизову дору, варзиш ва кумаки тиббӣ иҷозат дода мешавад, ки сокинон ба як муҳлати басо кутоҳ хонаҳои худро тарк намоянд.

Айни замон интизор меравад, ки Олмон рӯзи 5-уми январ маҳдудиятҳои равуо ва фаъолиятҳои иқтисодиро дароз кунад. Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё рӯзи 4-уми январ гуфт, мумкин аст, маҳдудиятҳо, то нимаи феврал идома кунад.

Кашфи шакли нави коронавирус дар Бритониё: “70% сироятёбандатар аз пешӣ”

Бритониё бори саввум аст, карантини саросарӣ эълон мекунад ва айни замон нахустин кишваре шуд, ки аз ваксинаи офаридаи ширкати АстраЗенека ва Донишгоҳи Оксфорд истифода мебарад. Дар Бритониё рӯзи 8-уми декабр ваксинзанӣ ба зидди бемории COVID-19 оғоз ёфт ва ваксинае, ки аввал ба кор бурданд, аз ширкати Пфайзер ва БионТек аст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (925)
Барчаспҳо:
Британия

Мавзӯъҳои асосӣ