03:39 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
288 0 0

Доналд Трамп пас аз маҳдуд шудан дар Фейсбуку Твиттер ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло дар YouTube ҳам наметавонад видео боргузорӣ кунад

ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Ба нақли хабаргузории РИА Новости, YouTube, ки бахше аз ширкати Гугл маҳсуб мешавад, дастрасии шабакаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро ба таври муваққат тағйир дод, то ӯ наметавонад пас аз рухдодҳои чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта ва ҳамла ба Конгресс, ба боргузории видео бипардозад.

YouTube илова бар пок кардани видеоҳои раисҷумҳури Амрико маҳдудият барои ҳисоби ӯро дасти кам ба муддати 7 рӯз иҷро мекунад.

Амрико дар арафаи инқилоб: тарафдорони Трамп Капитолияро муҳосира карданд

Ҳамчунин YouTube эълом кард ба далели муҳтавои хушунат‌талабона, имкони фиристодани дидгоҳ ба шабакаи Трамп дар ин сомонаи барои ҳамеша ғайрифаъол боқӣ хоҳад монд.

Пеш‌тар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Твиттер низ Доналд Трампро аз гузоштани шарҳҳои нав манъ карда буданд.

Барчаспҳо:
раисҷумҳур, Доналд Трамп, таҳрим, шабакаи Твиттер, Ютюб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ