12:30 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (969)
207010

Арабистони Саудӣ таърихи нави сафари зоирони тоҷик ба ҳаҷҷи умраро дақиқ кард. То кунун Арабистон чанд бор торихи ҳаҷҷи умраи тоҷиконро тағйир дода аст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ин бор санаи 31 марти 2021-ро ба унвони замони оғози пазириши шаҳрвандони Тоҷикистон барои ба ҷо овардани ҳаҷҷи умра эълом карда аст.

Дар ин бора хабаргузории "Парс тудей" дар истинод бо радиои "Садои Хуросон" хабар медиҳад.

Қарор буд, дар нимаҳои дуюми моҳи январи соли ҷорӣ аввалин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷҷи умра раванд, аммо бо сабаби хуруҷи каронавируси навъи нав ё “бритонӣ” сафар ба таъхир монда шудааст.

Ба Каъба нарасед: ҳаҷ дар шароити пандемия чигуна аст? - 10 акс

Абдулмаҷид Зокиров, масъули ширкати сайёҳии "Расулсохтмон", рӯзи 14 январ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, кишвари Арабистони Саудӣ дар бораи чунин таъхиргузорӣ дар қабули зиёраткунандагон, рӯзи гузашта аз тариқи расонаҳои ахбори умум эълон кардааст.

"Хуруҷи “вируси бритонӣ” масъулини кишвари Арабистони Саудиро андаке ба ташвиш гузоштааст, онҳо аз нав дарҳоро бастаанд. Ҷониби Арабистон тавассути расонаҳои ахбори умум иттилоъ нашр кардаанд, ки аз охирҳои моҳи март ба қабули зиёраткунандагон шурӯъ хоҳанд кард", - -гуфт намояндаи “Расулсохтмон”.

Масъулони саудӣ шарт гузоштаанд, ки синни афроде ки барои ба ҷо овардани маносики ҳаҷҷи умра аз Тоҷикистон ба Арабистон равона мешаванд, набояд аз 50 сол боло бошад.

Ногуфта намонад, ки имсол нарзи сафар ҳоло дақиқ нашудааст, вале солҳои қабл ин маблағ 20 ҳазору 500 сомонӣ ( муодили 2 ҳазору 500 доллар ) буд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (969)
Барчаспҳо:
рӯз, дақиқ, сафар, ҳаҷҷи умра, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ