Додгоҳ нафареро, ки ҳамсари бародарашро ғорат кард, ҷазо дод

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Панҷакент ҳукми сокини маҳаллӣ С. М-ро содир кард, ки дар ҷинояти дуздӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти додгоҳи шаҳри Панҷакент, шаҳрванд С.М. бо иттиҳоми ғорати хонаи бародараш муҷозот шуд.

Наручники на двери клети - Sputnik Тоҷикистон
Панҷ сол ҳукми зиндони ҷавони 26 солаи пойтахт барои ғорати мағозаи “Эксклюзив”

Ба иттилои манбаъ, судшуда санаи 26 июни соли гузашта, оиди ҷои нигоҳдошти маблағҳои пулии ҳамсари бародараш, ки аслан дар суроғаи шаҳри Гулистон кӯчаи Ҷавонӣ ҳамчун иҷоранишин истиқомат карда, муваққатан  дар шаҳри Панҷакент қарор дошт, маълумот пайдо мекунад.

Ӯ худи ҳамон рӯз тахминан соати 14.00 дақиқа бо мақсади дуздии маблағҳои зикршуда, аз сумкаи дастии ҳамсари бародараш пинҳонӣ калиди дари даромади хонаи иҷоравиашро гирифта, пинҳонӣ ба шаҳри Гулистон омада,  аз фурсати муносиб, яъне набудани аъзои оила истифода бурда, вориди хонаи мазкур гардидааст.

“Сипас зулфини қулфи  сандуқи дохили хонаро шикаста, аз дохили он бо тариқи  ниҳонӣ 5000 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллӣ маблағи 51537 сомону 50 дирамро тасарруф намуда, ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”,- афзудааст, манбаъ.

Гуфта мешавад, ӯ худи ҳамон рўз ба ҷои истиқоматии доимиаш баргашта, дар оянда маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро давра ба давра барои манфиатҳои худ сарф кардааст.

Манбаъ мегӯяд, ҷазо ба муттаҳам бо дастрасии моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор содир кард.

Ғорати ташкилоти бонкӣ дар Панҷакент: пул наёфт ноутбукҳоро рабуд

Мавриди зикр аст, ки моддаи 244 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуздӣ дар ҳаҷми калон буда, он маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0