06:58 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1328 0 0

Эрон бо гузашти шаш моҳ аз эъдоми паҳлавони шинохтааш Навид Афкорӣ дуввумин гӯштингирашро дор кашид

ДУШАНБЕ, 29 янв— Sputnik. Рӯзи душанбе Эрон эъдоми паҳлавони сатҳи миллӣ Меҳдӣ Алӣ Ҳусейниро иҷро кард, хабар медиҳад Bloodyelbow.

Шӯрои Миллии муқовимати Эрон (NCRI) гузориш дод, ки Ҳусейнӣ, зодаи Андимешик, дар зиндони Дезфул эъдом шудааст. Гуфта мешавад, ӯ 30 сол дошт.

Мақомот Ҳусейниро дар соли 2015 ба куштор муттаҳам карда, гуфта буданд, ки ӯ ҳангоми занозании оммавӣ касеро куштааст. Ҳукми қатли Ҳусейнӣ бинобар саббаи гузашт накардани хонаводаи қурбонӣ аз боқӣ монд.

Қаҳрамони гуштии Эрон Ҳомид Сориён, барандаи медали тиллои Чемпионати Олимпӣ, Ҷаҳон ва Осиё, аз хонавода ҷабрдида дархост карда буд, ки ба Ҳусейнӣ раҳм кунанд ва ӯро бибахшанд, аммо чунин нашуд.

Ёдовар мешавем, моҳи сентябри соли гузашта Эрон аз варзишкорони шинохтааш оид ба варзиши гуштии юнониву румӣ Навид Афкории 27 соларо эъдом карда буд.

Афкорӣ барои ширкат дар намоишҳои хиёбонии зиддиҳукуматӣ дар соли 2018 ба қатл маҳкум карда шуд.

Инчунин, ин варзишгар ба ташкили гурӯҳҳои махсус барои сарнагун кардани режими кунунии кишвар айбдор шуда буд.

Дар Чин дояи боғчаро барои заҳролуд кардани кӯдакон эъдом карданд

Ҳукумати Эрон новобаста аз вокунишҳо дар дохил ва хириҷи кишвар ва ҳамзамон ташкилотҳои байналхалқиву нафарони саршинос нигоҳ накарда, субҳи 12 сентябр варзишкорро эъдом кард.

Барчаспҳо:
қатл, паҳлавон, ҳукми эъдом, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ