10:10 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2997 0 0

Ҳамсари Дастин Поре пас аз анҷоми рақобат ва пирӯзии шавҳараш, ба утоқи либоспӯшии Конор Макгрегор даромад

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Созмони UFC дар саҳифаҳои иҷтимоии худ навори суҳбати завҷаи варзишкори амрикоӣ Дастин Поре ва варзишкори ирландӣ Конор Макгрегорро нашр кард.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от UFC Russia (@ufcrussia)

Мубориза байни ду ситораи UFC рӯзи 24 январ дар "Fight Island" дар Абу-Даби баргузор шуд. Ҷанговари амрикоӣ дар даври дуввум рақиби ирландиашро аз пой афтонда, пирӯзиро аз худ кард.

Сарфи назар аз бохт: Конор аз Поре дида бештар маблағ мегирад

Пас аз ба охир расидани қувваозмоӣ, Ҷоли Пореи 32-сола вориди утоқи либоспӯшии Макгрегор шуд ва ба ӯ барои мубориза, инчунин барои сармоягузорӣ ба бунёди хайриявии Поре изҳори сипос кард.

"Ман мехостам сипосгузорӣ кунам. Ташаккур барои ҳама чиз ташаккур, шумо барои беҳбудии зиндагии бисёр одамон кумак мекунед" -  гуфт Ҷоли ба Макгрегор.

Конор, дар навбати худ, Ҷолиро бо пирӯзии Дастин табрик гуфт ва қайд кард, ки ӯ муҳорибаи хубе барпо кард.

Ирландӣ инчунин ваъда дод, ки барои боздид ба Луизиана, ватани Поре меояд.

Барчаспҳо:
даромад, утоқ, ҳамсар, Макгрегор

Мавзӯъҳои асосӣ