13:31 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
789 0 0

Раҳбари UFC Дана Уайт гуфт, кадом варзишкор ба фикри ӯ дар таърихи муҳориабаҳои омехта беҳтарин аст

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Раҳбари UFC Дана Уайт номи беҳтарин размикор дар таърихи ММА - ро ном бурд. Дар ин бора ӯ дар мусоҳиба бо TMZ нақл кард.

Ба гуфти Уайт қаҳрамони кунунии UFC варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов варзишкори беҳтарини имрӯзи ММА аст, вале на таърихан.

Раҳбари UFC қайд кард, ки ӯ Ҷон Ҷонсро дар таърихи ММА беҳтарин мешуморад. Ин варзишкор 28 маротиба вориди октагон шудааст ва 26 бор дар ин муборизаҳо дастболо шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Ҳабиб Нурмуҳаммадов моҳи октябри соли 2020 аз хотимаи фаъолияти варзишияш эълон кард. Ӯ пас аз пирӯзӣ бар Гетҷӣ хулосаи худро гуфта буд. Нурмуҳаммадов гуфт, ки намехоҳад, бидуни сармураббии худ - падараш, ки тобистони соли 2020 дар паи бемории коронавирус ба ҳалокат расид, фаъолияташро идома диҳад.

Дар давоми карераи худ Ҳабиб 29 бор вориди октагон шудаву боре ҳам мағлуб нагардидааст.

Чанде пеш Нурмуҳаммадов изҳор дошт, ки раҳбарияти UFC талош дорад, ӯро ба октагон бозгардонад. Ба ӯ маблағи ҳангуфт ва рақибони гуногун пешниҳод мешаванд, вале варзишкор мегӯяд, ӯро дар ҳайрат гузоштан душвор аст.

Ҳамсари Поре пас аз анҷоми рақобат ба утоқи Макгрегор даромад - видео

"Эҳтимоли ҷанг кардан, намехоҳам, ки чунин эҳтимол умуман бошад", - гуфт Ҳабиб дар посух ба суоли бозгашт ба майдон.

Ӯ қайд кард, ки бо раҳбарияти UFC, Дана Уайт дар тамос аст ва охирӣ бисёр мехоҳад, ки ӯро ба октагон бозгардонад.

Барчаспҳо:
ҷаҳон, беҳтарин, размикор, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони UFC, ММА

Мавзӯъҳои асосӣ