23:42 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
171 0 0

Коронавирус бадтар аз саратон будааст: як хонандаи мактаб дар Амрико се маротиба бар саратон пирӯз гаштаву бо боди коронавирус натавонист мубориза барад

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Коронавирус духтареро, ки тавониста буд, се маротиба саратонро мағлуб кунад, кушт.

Чунин ҳодиса дар ИМА ба қайд гирифта шуд. Дар бадани Эспен Деке, ки дар мактабе дар Канзас-Сити таҳсил мекард, ҳанӯз чор сол пеш лейкемияи шадиди лимфобластикиро ташхис карда буданд.

Дар ин муддат организми кӯдак ба се намуди саратон пирӯз шуда буд, менависад "10 WAVY", расонаи амрикоӣ.

Моҳи ноябри соли 2020 Декке ба коронавирус гирифтор шудааст. Дар пайи бад шудани вазъи духтарак, ӯро ба бемористон интиқол доданд. Вай қариб якуним моҳ дар шӯъбаи эҳё қарор доштасту дар натиҷа натавонистааст бо бемории корона мубориза барад. Дете аз иллати шуш даргузаштааст.

Ба гуфтаи волидони духтарак, коронавирус бадтар аз саратон будааст. Ба гуфтаи онҳо, вақте духтарак ба COVID-19 гирифтор шуд, касе намедонист, ки аз ин беморӣ чиро метавон интизор шуд.

Замони авҷи мавҷи сеюми коронавирус дар Русия муайян шуд

Қаблан, олимони амрикоӣ нишонаи марги фаврӣ аз коронавирусро ошкор карда буданд. Аз он, ба гуфтаи коршиносон, сатҳи болоравии ДНК-и гардиши митохондрия гувоҳӣ медиҳад.

Ғайр аз он, зарари системаи хунгузар, ки коронавирус ба вуҷуд меорад, метавонад ба давомнокии умр таъсир расонад.

Барчаспҳо:
марг, саратон, беморӣ, вируси корона, Дар ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ