11:27 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
310 0 0

Шаҳрдории Порис қарор дод, ки ба хотири бузургдошти як муборизи афғонистонӣ, Аҳмадшоҳ Масъуд лавҳаи ёдгорӣ гузорад. Ин иқдоми шаҳрдорӣ боиси пазироии ҳаводорони фармондеҳи тоҷиктабор гаштааст

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, аз хабари лавҳагузорӣ ба қаҳрамони миллии Афғонистон изҳори хушнудӣ намудааст.

Ӯ дар саҳифаи Фейсбук навиштааст, "аз ин иқдоми нек ва баҷои Шӯрои шаҳрдории Порис истиқбол ва ибрози ташаккур мекунем".

Дар зимн, пештар муовини шаҳрдори Порис, Арноуд Гатча хабар дод, ки Шӯрои шаҳрдории Париж ба гузоштани лавҳаи ёдгорӣ дар ноҳияи 8-уми шаҳр ба қумандон Масъуд овоз дод.

"Париж нахустин шаҳре дар ҷаҳон аст, ки пас аз 20 соли марги озодихоҳе, ки барои озодии Афғонистон аз Толибон меҷангид, ӯро қадрдонӣ кард", - навишт Гатча.

Тавре Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки яке аз ҷонибдорон ва дӯстони Масъуд баршуморида мешавад, навиштааст, бо масрурӣ иттилоъ ёфтем, ки Шӯрои шаҳрдории Париж файсала намудаст, то нишонеро дар ноҳияи 8-уми ин шаҳр барои ёдбуд аз шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии кишвар насб намояд.

"Ин иқдом ба поси муборизоти озодихоҳона ва сулҳҷӯёнаи қаҳрамони миллӣ ва ҳурмат гузоштан ба андешаҳои озодибахши ӯ сурат гирифтааст", - афзудааст Абдуллоҳ.

Ёди Давлат Усмон аз вохӯриҳо бо Масъуд: суҳбат аз Тоҷикистон, Ҳикматёр, хости ИМА ва марг

Аҳмадшоҳ Масъуд, лақабаш шери Панҷшер, фармондеҳи маъруфи афғонистонӣ ва вазири вақти мудофиаи Афғонистон ва Қаҳрамони миллии Афғонистон аст. Ӯ дар дараи Панҷшери Афғонистон, дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст.

Масъуд байни тоҷикистониён низ маҳбубияти зиёд дорад. Арҷгузории сокинони кишварро тариқи навиштаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пӯшидани либос бо акси Масъуд ва ё кулоҳи бо ном пакул, ки доим дар сари Аҳмадшоҳ буд, метавон мушоҳида кард.

Барчаспҳо:
бузургдошт, лавҳа, қаҳрамон, Афғонистон, Тоҷикистон, Аҳмадшоҳ Масъуд

Мавзӯъҳои асосӣ