03:19 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
242 0 0

Коршиноси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт сабаби коҳиш ёфтани суръати паҳншавии коронавирусро дар ҷаҳон гуфт

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Мизони паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон коҳиш меёбад, гуфт Мария ван Керховен, коршиноси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ).

Ба гуфтаи вай, дар ҷаҳон рӯз то рӯз шумораи гирифторони нав коҳиш меёбад.

"Ин ба як қатор омилҳо вобаста аст, аммо пеш аз ҳама ба туфайли тадбирҳое, ки кишварҳо ҷорӣ мекунанд ва имкон медиҳанд, ки занҷирҳои интиқоли вирусро боздоранд ва ҳолатҳои навро пешгирӣ кунанд", -  навиштааст Известия аз қавли коршинос.

Коршиноси СҶБ афзуд, ки эмгузаронии оммавӣ дар ҷаҳон ба суст шудани паҳншавии COVID-19 мусоидат кард.

Қариб ним миллион ҳолатҳои нави гирифторӣ ба COVID‑19 ошкор шуд

"Ваксинаҳо низ нақш доранд, аммо ин маънои онро надорад, ки ин чораҳоро бекор кардан мумкин аст. Барои бисёр кишварҳо ин як давраи хеле муҳим аст. Бояд риояи курси пешгирифтаро идома диҳем ва ба масъалаи бекор кардани маҳдудиятҳо хеле оҳиста наздик шавем", - гуфт ван Керховен.

То имрӯз дар ҷаҳон 105 387 133 ҳолати сироят ба қайд гирифта шудааст, 58 577 115 нафар шифо ёфта 229983 нафар фавтиданд.

Барчаспҳо:
Ҷаҳон, гирифторони беморӣ, вируси корона, коҳиш, СУТ

Мавзӯъҳои асосӣ