15:01 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (973)
166 0 0

Муҳим ин, ки арзиши ингуна ниқоб ҳам гарон набуда, шаҳрвандон метавонанд онро бо нархи 1,49 евро харидорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Олимони ширкат фаронсавии BioSerenity ниқоберо омода намуданд, ки натанҳо аз паҳншавии маризии сироятии коронавирус пешгирӣ мекунад, балки вирусро тамоман мекушад.

Ба таъкиди олимон, ниқоби мазкур ба ҷуз вируси COVID-19 ҳамчунин қобилияти маҳв кардани дилхоҳ вирусро дорад.

Чунин таъсири пурқувват аз "таркиби" махсуси ниқоб вобаста аст: ба он як қабати махсуси бофандагӣ дӯхта мешавад, ки вирусҳоро аз ҳисоби молекулаҳои сиклодекстрин ва аммиаки чорум "нобуд" мекунад.

Ҳарчанд қимати чунин ниқоб гарон нест ва ҳамагӣ 1,49 евроро ташкил медиҳад, вале бо тавсияи олимон онро набояд бештар аз 4 соат пӯшид.

Донишмандон дар тааҷҷуб: шумори мубталоён ба коронавирус дар Ҳинд якбора коҳиш ёфт

Қаблан мутахассисон самаранокии ниқобҳои матоъро зери шубҳа гузошта буданд. Ба гуфтаи онҳо, ниқоб қобилияти пурраи муҳофизатиро надорад.

Бо вуҷуди ин, дар робита ба паҳншавии коронаиврус дар тамоми ҷаҳон, риоя кардани чораҳои пешгирикунанда ҷиддан талаб карда мешавад.

Риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ ва ҳамчунин пӯшидани ниқоби тиббӣ яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз паҳн шудани вирус арзёбӣ мешавад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (973)
Барчаспҳо:
Фаронса

Мавзӯъҳои асосӣ