Шарики қотиле, ки муаллимро дар Фаронса кушт тоҷикистонӣ будааст

© Sputnik / Флоренс Галле / Гузариш ба медиабонкПротесты в Париже
Протесты в Париже - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Обуна шудан
Муфаттишони фаронсавӣ шахсияти як шарики тундгарои исломӣ дар Сурияро, ки чанде пеш дар наздикии Порис сари муаллими мактабро аз танаш ҷудо карда буд, муайян карданд
ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Кормандони амният шарики террористеро, ки дар Фаронса сари муаллими мактабро аз танаш ҷудо карда буд, муайян карданд. Шарики ӯ зодаи Тоҷикистон будааст, иттилоъ додааст ТАСС дар истинод ба рӯзномаи Le Parisien.
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2020
Қодиров дар бораи карикатураи паёмбар, гунаҳкорони қатли омӯзгор ва оқибати амали Макрон
Шарики ӯ Фарук Шомӣ будааст, ки узви фаъоли гурӯҳи террористии "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" (мамнӯъ дар Русия), ки дар қаламрави Сурия фаъолият мекунад, мебошад.
Маҳз бо ҳамин нафар Абдуллоҳ Анзорови 18-сола, қабл аз сари муаллимро буридан дар коммунаи Конфланс-Сен-Онорин дар моҳи октябри соли 2020 суҳбат мекардааст.
Пеш аз он, ки полис Анзоровро безарар гардонд, ӯ паёмҳои охиринашро дар Instagram ба корбари Dnevnik_71 навишт, ки зодаи Тоҷикистон Фарук Шомӣ будааст.
Дар сомонаи худ ин мард худро ҳамчун як рӯзноманигори мустақил муаррифӣ мекунад. Ӯ фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Сурияро таблиғ мекунад.
Аммо, тавре ки нашрияи фаронсавӣ қайд кардааст, дар асл ӯ узви фаъоли гурӯҳи террористии дар боло зикршуда мебошад.
Маълум шуд, ки номбурда бо Анзоров дар мавзӯи динӣ суҳбат мекардааст. Дар навбати худ ҷавон бо ӯ дар бораи хоҳиши ба Сурия рафтан ва баъдтар - дар Фаронса "ҷиҳод кардан"-ро машварат мекардааст.
В Таджикистан из Ирака вернули 64 ребенка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Ба наздиконашон надоданд: бо кӯдакони тоҷик, ки аз Сурия баргардонида шуданд, чӣ шуд?
"Агар тафтишот дар ин марҳила имкон надиҳад, ки ӯро кӣ назорат мекард, аммо тамосҳои сершумори қотил бо тунгароёни исломӣ дар Сурия боиси  нигаронӣ шудааст. Ҳамзамон суоле матраҳ аст, ки чаро тундгароии ӯро пештар натавонистанд муайян кунанд",-  навиштааст рӯзномаи Le Парисиен.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои ФБР-и Амрико, ки аз муфаттишони фаронсавӣ дастрас карданд, Шомӣ суҳбатҳояшро  ҳангоми дар вилояти Идлиби Сурия қарор доштанаш, мекардааст.
Ёдрас мешавем, ки шоми 16 октябри соли 2020 дар коммунаи Конфланс-Сен-Ононари Фаронса, як нафар дар назди як мактаб ба муаллими таърих ва ҷуғрофия Самуэл Пати ҳамла кард.
Ҷинояткор ҳангоми ҳамла сари муаллимро аз танаш ҷудо кард ва сипас ба кормандони пулис, ки ба ҷои ҷиноят ҳозир шудаанд, таҳдид карданӣ шуд аммо онҳо ӯро парронданд.
Раисҷумҳури Фаронса Эммануил Макрон ин амалро ҳамлаи террористӣ хонд.
Лентаи хабарҳо
0