Аз муҳоҷират то тиҷорат: Раҳмон бо губернатори Свердловск мулоқот кард

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТПрезиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Кувайшев мулоқот
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Кувайшев мулоқот
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2023
Обуна шудан
Мавзӯи суҳбати ҷонибҳо ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ буда, дар канори ин вазъи муҳоҷирини тоҷик дар ин минтақаи Русия баррасӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев мулоқот анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ба тавсеаи пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат, аз ҷумла ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳоро ҳамчун ҷузъи муҳими онҳо таъкид намуданд.
Ӯ дар ин замина зикр карданд, ки имрӯз беш аз 80 субъекти Федератсияи Русия бо Тоҷикистон робитаи мустақим доранд.
"Дар байни онҳо вилояти Свердловск ҷои муҳимро ишғол менамояд ва ҷониби Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои Губернатори вилояти Свердловскро оид ба ҳамкории мутақобилан судманд дар тамоми бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намояд", - гуфтааст раисҷумҳур.
Вай инчунин муҳимияти густариши ҳамкории сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолиро дар бахшҳои гуногуни саноатӣ, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон таъкид намуд.
Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон атрофи мавзуи муҳими рӯзномаи Тоҷикистон ва Русия – фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон суҳбат кардааст .
Рахмон провел встречу с Миннихановым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2023
Раҳмону Минниханов аз зарфияти ҳамкории Тоҷикистону Тотористон гуфтанд
Соҳаҳои энергетика, дорусозӣ ва сайёҳӣ низ самтҳои дурнамодори ҳамкорӣ маънидод карда шудааст
Дар поёни дидор кишвардори Тоҷикистон махсус таъкид кардааст, ки барои рушди рӯзафзуни ҳамёрии ҷонибҳо тақрибан дар тамоми соҳаҳо заминаи ҷиддӣ мавҷуд аст ва ҷонибҳоро зарур аст, ки минбаъд низ барои натоиҷи дилхоҳ муштарак талош кунанд.
Лентаи хабарҳо
0